Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест
Чун оғози соли нави 2020 аст, ҳамагон дар оғози сол мехоҳанд аз бурду бохти худ дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намоянд. Воқеан оид ба натиҷагирӣ ва таҳлили амиқи фаъолияти хоинону душманони миллати тоҷик, ки дар доираи ташкилотҳои террористӣ-эксремистии Ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ муттаҳид гардида, дар хориҷ аз кишвар баҳри сиёҳкунии сиёсати имрўзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон машғул ҳастанд. Дар мақолаи гаронарзиши муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Азимҷон таҳти унвони “Шармандагӣ дар як соли фаъолияти наҳзатӣ (Гузоре ба ҳодисаи таърихӣ) ба фаъолияти ин хоинони ватан баҳои воқеӣ дода шудааст.
Дар ҳақиқат ин нотавонбинон доиман кўшиши нобасомониву нотинҷиии Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба сулҳу субот, амнияту ваҳдат ва тинҷиву осудагии Тоҷикистон халал ворид намоянд. Аммо нокомии ин нотавонбинон дар ҳодисаи таърихии соли 2019 яъне Ҳамоиши солонаи САҲА бори дигар собит гардид. Дар ҳақиқат андешаҳои муаллиф дар мавриди бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ аз қабили – Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, либерализм ва амсоли инҳо бозӣ кардан ва ҳар як аз ин вожагони калидиро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани обрӯ, нуфуз, султа, қудрат, сарват, мартаба ва тиҷорат, сўистифода кардани наҳзатиёни террорист қобили дастгирист. Ва дуруст аст, ки “он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳақиқат аз хиёнаткориву нокомиву бадхоҳии хоинони миллати тоҷик хуб огаҳӣ дорем ва ҳамагуна зуҳури чунин афроди нотавонбинро маҳкум менамоем.
Ф.Сатторова, омўзгори кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим