​Вокуниш ба изҳороти Хайрулло Мирсаидов “Ман ба Тоҷикистон барнамегардам”

Имрӯз тамоми халқҳои дунёбаиттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик назар афканда, аз он ҳавас мекунанд ва ҳатто ин масъаламавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои дунё гардидааст. Дар ҳақиқат мардуми тоҷик имрӯз дар осмони софу беолоиш, бо хотири ҷамъ зиндагӣ ва умр ба сар доранд. Лекин ҳастанд афроде, ки ба иннеъмат, яъне тинҷиву оромӣ шукргузорӣ намекунанд. Онҳо мехоҳанд байни мардум фитнаҳо ангезанд ва барои пош додани Тоҷикистон ва аз байн бурдани тинҷиву оромӣ “кӯшиш” карда истодаанд.Худ қазоваткунед, киин ҳама сулҳу субот бо кадом заҳмат ба даст омадааст.

Имрӯз якфарде ба монанди Хайрулло Мирсаидов байни халқ тафриқа андохта, бо тӯҳмату бӯҳтон ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат доғи сиёҳӣ мезанад. Оне, ки аз бари модари тоҷик ба дунё омадаву дар Тоҷикистон ба воя расидааст, кӯрнамакӣ мекунад.

Мо имрӯз ба мақомотҳои қонунбарор, ба қонунҳои амалкунанди Тоҷикистон боварии комил дорем ва ҳеҷ ҷои шубҳае нест, ки шахси бегуноҳдастгир шавад. Ҳар кас подоши амали хешро албатта мегирад.

Бо суханҳои худ “Ҷинояткорони воқеӣ онҳоеанд, ки ба парвандаи ман дахл доранд, ҳамааш”вай на танҳо ба ҳомиёни қонун, балки ба тамоми Тоҷикистон эътироз баён намудааст. Ин моро бетараф нахоҳад гузошт, мо бояд садди роҳи чунин гумроҳиро гирем. Ба як фарзанди гумроҳшудаи тоҷик расонем, ки фарзандро танҳо модар мефаҳмад ва мебахшад. Модоме, ки Тоҷикистон модари ягонаи ҳамаи халқи тоҷик аст, азХайрулло Мирсаидов даъват ба амал меорем, ки ба назди Ватан-модар баргардад ва хизмати мардонагии худро адо намояд, зеро ки танҳо якпорчагӣ ва якдилӣ моро ба қуллаҳои баланд хоҳад расонд.

Абдуллоева М.А. н.и.п., дотсент,

декани факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ