​Амали иғвогарона ва муноқишаи мусаллаҳонаи ҳамсояҳои моҷароҷӯ

Дар натиҷаи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби истиқоматкунанлагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар раванди муноқишаи наздисарҳадӣ, ки рӯзи 22 июли соли 2019 дар марзи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод, бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-сокини ҷамоати деҳоти Ворух, Қароев Ҷалол, соли таваллудаш 1967, омӯзгори МТМУ№23 ба ҳалокат расида, 4 нафар сокинони дигари деҳа маҷрӯҳ гаштанд. Дар пайи сангпартоӣ 7 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Ин ҳодисаи фоҷиабор дар натиҷаи амалҳои навбатии иғвогаронаи истиқоматкунанлагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон, ки мехостанд монеъи корҳои ободонӣ, насби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух гарданд ва ҳам таҳти ҳимояи мақомоти қудратиашон дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон навиштаҷоти «Оқсой», аломати ҳаракат дар роҳ (на зиёда аз 40 км/соат)-ро устувор ва парчами кишварашонро насб карданд, рух дод.
Муноқишаи лафзӣ ба сангпартоӣ ва ахиран истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби ҳамсоягони моҷароҷӯи деҳаи Оқсой ба сӯйи сокинони бесилоҳи деҳаи Ворух мубаддал гаштааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар аз бегоҳирӯзии 22 июл то ба ҳоло дар марз қарор қарор дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият дар марз бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид ва талош доранд.

Бино бар маълумоти дастрас бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-сокини ҷамоати деҳоти Ворух, Қароев Ҷалол, соли таваллудаш 1967, омӯзгори МТМУ№23 ба ҳалокат расида, 4 сокини дигари деҳа - Тешаев Маҳлуб, соли таваллудаш 1976, Шомирсаидов Расул соли таваллудаш 1977, Бобомаллаев Аминҷон соли таваллудаш 1977 ва Ҷураев Абдумубин маҷрӯҳ гаштанд, ки дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи деҳаи Ворух бистарӣ карда шудаанд.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ таҳти сарварии сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибиддин Мухаммедов дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи Ворух бо анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба маҷрӯҳон кӯмаки тиббӣ мерасонанд, аммо нафароне аз маҷрӯҳон ба амалиётҳои ҷарроҳии мураккаб эҳтиёҷ доранд.
Аммо, аз соати 17-00-и рӯзи 22 июл то ба ҳанӯз роҳи самти Исфара – Ворух баста аст ва ҷониби Қирғизистон ҳатто ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, ки мебоист маҷрӯҳонро аз беморхонаи деҳаи Ворух ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол диҳанд, имкони гузар надодаанд.
Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.
Айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Боқӣ Раҳим, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ