​Шарофиддин Гадоев дар тори анкабут

Хоинони миллат баҳри паст задани шанъу шараф ва нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук маводи чопӣ ва видеоӣ нашру пахш менамоянд. Асосан матлабҳои эшон муғризона буда, бо супоришот омода шудани он бо як бор хондан ва ё тамошо намудан эҳсос мегардад.Чанде пеш изҳороти ахири Шарофиддин Гадоев, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нашр гардид, симои аслии ин хиёнаткорро ба куллӣ фош сохт.

Шарофиддин Гадоев, ки фирефта шуда буду мақсади хиёнат ба Ватан, халқ ва миллати тоҷикро дар сар мепарварид, ниҳоят баъд аз он, ки аз Ватан ва оғўши модари пираш дур гардид, боз ҳам ба ҳақорати ин миллату давлат даҳон боз намуд. Ў дар навори нашргардида ҷиҳати он, ки аз Тоҷикистон дубора ба сўйи хоҷагонаш, яъне боз ҳам ба ғуломӣ даромаданаш изҳори сипос менамояд. Оре, ба онҳо изҳори сипос менамояд, аммо нисбат ба давлату ҳукумат ва мардуми тоҷик носипосӣ менамояд. Магар Шарофиддин Гадоев, ҳамоне нест, ки ба Тоҷикистон омада, баён карда буд, ки аз кирдору рафтори кардааш пушаймон аст ва умед бар он дорад, ки мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз гуноҳи ў бигзаранд?! Ҳақ ба ҷониби Саъдии Шерозист, ки тиннати ГАДОевҳоро хуб дарк намуда, «неши ақраб на аз пайи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст» ва дар ҷойи дигар «гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад» гуфта буд. Ин рафтори ноҷавонмардона ва ватанфурўшонаи Шарофиддин Гадоев, яке аз ҳикоёти нависандаи ҷопонӣ Рюноскэ Акутагава ба хотир меовард, ки нақли мухтасари онро ба ҷойи хулоса муддаои матлаб медонем.

Рюноскэ Акутагава дар яке аз ҳикояташ тимсоли нафареро меофарад, ки ҷуз қатлу озору ҳақоратимардум кореро намедонад. Рўзе ў дар сари роҳ анкабутеро мебинд ва мехоҳад, ки чун ҳамеша онро пахш созад. Аммо ин бор меандешад, ки аз марги чунин вуҷуди ночиз суде ҳосил намегардад.Бигзор хаёт ба сар барад. Чанде мегузарад. Золим мемирад, ва худро дар миёни оташи дўзах дармеёбад…

Дасту по мезанаду мақоми амн меҷўяд. Аммо хуршеди наҷот намедурахшад. Ногаҳ тори анкабуте дар рў ба рўи ў пайдо мешавад. Он золим бо тамоми нерў ба тор панҷа мезанад ва лахза ба лахза боло меравад. То баромадгоҳ андаке монда, ки ба поён менигарад. Мебинад, ки ҳазорон дӯзахии дигар ба он тори борик часпида, боло мераванд. Ба сару рўйи онҳо лагад зада, бо хашм фарёд мезанад, ки ин тор барои наҷоти ман аст. Шумо ҳақ надоред. Торро раҳо кунед!...
Тор аз зарби лагад канда мешаваду ҳамагон дубора ба қаъри дӯзах меафтанд...

Латифи Азиз, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, журналист



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ