​Таҳаммулпазирӣ-арзиши меҳвари мероси Имоми Аъзам

Таҳлили осор ва андешаҳои каломӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва ахлоқии Абӯҳанифа аз он шаҳодат медиҳад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шаҳир ва нобиuаи нотакроре буд, ки дар халифати наҳзати ислоҳгароиро бо қудрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахшаш дар масири таърих миллионҳо мардумони сайёраро новобаста аз нажоду миллат бо ҳам дӯст ва ҳамфикр сохт. Қадрдонӣ аз ин фарзанди бузурги тоҷик, шинохти миллат, обрӯ ва нуфузи вайро дар саросари ҷаҳон баланд хоҳад бардошт. Гузаштаи пурифтихор, ҳикмати амалӣ ва амалкардаи сиёсии Имоми Аъзам далели садоқат ба миллати худ ва замонати бақову иқтидори мо ҳаст. Миллати худогоҳ ва бедор ҳаргиз нахоҳад мурд ва тавре, ки Президенти мамлакатамон таъкид сохтанд, омӯзишу таҳлили фалсафии афкору осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони гузаштаи мо шинохти миллат ва тақозои замони имрӯз буда, «зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ раҳнамоӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ дорад. Бо баҳрабардорӣ аз онҳо дар сулҳу салоҳ бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо зистан аз рисолатҳои мусулмонии мост».

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити комилан мутазоди таърихӣ ба асри нав ворид гашт, ва ин гузариш ба марҳилаи ҷадиди такомулу дигаргуниҳои бузурги бунёдии илмиву фарҳангӣ ниёзтарҳи наву тозае дорад. Дар оuози ин аср мо ҳамагон шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте шудем, ки аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас тарроҳӣ гардиданд. Ин арзишҳо модернизм, гуногунандешӣ, фардгароӣ ва динро дар бар гирифтанд, ки дар маҷмӯъ якрангу якнаво набуда, бар мазкур аз як тараф боиси пешрафту инкишоф шуда бошанд, аз тарафи дигар рӯйдоду зуҳури шуму ифротгароёнаи глобализмро ба арсаи оламу таърих оварданд.

Бидуни шакку шубҳа глобализм ба сарнавишти таърихии инсоният ва ҷавҳарии дурнамои он таъсири рӯзафзун ва пайваста мегузорад. Воқеан ҳам ҳамин ҷаҳонишавӣ буд, ки некӯаҳволии мардум, техникаву технологияи ҷадид, истеҳсолот ва истеъмолот, ошкорбаёниву гуногунандешии демократиро амалан татбиқ сохт ва боиси наздикшавии аҳолии сайёра ва рушду нyмӯи кишварҳо ва халқҳо гардид. Лекин глобализм бо ҳадафҳои шуму худкомаш мӯҷиби паҳншавӣ ва тавсеъаи терроризму экстеримизм, амалҳои зӯроварии кишварҳо ба сари якдигар, харобу валангор сохтани шаҳрҳои обод, қатлу куштори миллионҳо одамони бегуноҳ, буҳрони марговари иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиши захираҳои табиӣ, гармшавии иқлими замин, аз байн рафтани арзишҳо ва фардияти миллӣ гардид.

Ба хотири таҳияи чунин модели нави муносибатҳои инсонӣ аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатмадорони кишварҳое, ки масаъалаи ҳастӣ ё нести онҳо мераванд, корҳои назаррас дар такя бар демократия, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаҳо, ки ба фарҳангу тамаддунҳои мухталиф тааллуқ доранд, анҷом паазируфта истодаанд. Зеро, ақли пурсишгари онҳо ба хубӣ дарк намудааст, ки дар чунин зербинои заъиф, ки дар натиҷаи раванди глобализм ва сиёсати uаразолуди кишварҳои қудратталаб ба вуҷуд омадааст, ки наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз бӯҳрони бунёдӣ, ки буҳрони иқтисодӣ танҳо як бахши он аст, раҳо бахшид ва миллионҳо инсонҳоро аз марг наҷот дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳои доир ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афuонистон, ҷанги мазҳабии Ироқ ва низоъҳо дар мамлакатҳои Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва агар ба ҳаминминвол ва дар чаҳорчӯби арзишҳои модели муосири байналмилаӣ пеш равад, шояд садсолаҳои дигар низ ҳалли ин муамморо наёбанд.

Таърихи башарият ва ба хусус, таърихи садсолаҳои охри миллати тоҷик низ, ки давраҳои тӯлонӣ ва печ дар печи худро пушти сар кардааст, гувоҳи ин аст ва чи тавре, ки зикр сохтем мисоли он ҷанги таҳмили солҳои 90-уми асри ХХ мебошад. Миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, киҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теu накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гумм накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт. Дар замони баъд аз зуҳури ислом низ ҳамин ҳикмати миллӣ буд, ки он дар мероси намояндагони барҷастаи халқи тоҷик, аз ҷумла мероси каломӣ ва фиқҳии Имоми Аъзам инъикос ёфт ва он метавонад усул ва намунаи равшани гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳои мухталиф қарор гирифта, пойдевори тарҳи нави ҷаҳонишавӣ (бар асли ҷаҳони чандқутбӣ) шавад.

Зеро, таълимоти Имоми Аъзам бар пояи ислом бунёд ёфта, дар он ҷаҳонбинии мазҳабӣ, илмӣ, фалсафӣ ва миллӣ бо ҳам омехта шуда, баробарӣ, адолоати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, таҳаммулпазирӣ на танҳо бо пайровонӣ динҳои дигар, балки бо тамоми башарият пешкаш гардидааст. Ин арзишҳои умумӣ ва бунёдии инсонианд, ки на танҳо ҳуввияти тоҷикӣ, балки ҳуввияти миллии дигар қавму халқҳоро низ дар тӯли таърихи 1300-соли охир ҳифз намуданд ва дар оянда низ имкону қудрат доранд аз онҳо пуштибонӣ кунанд. Онҳо муҳарикеанд, ки дар шароити феълии ҷомеаи башарӣ метавонанд ба хотири бартарф кардани паҳлӯҳои ихтиловари глобализм ва модернизм нақши зарурӣ ва ногузири худро бозанд.

Агар ҷаҳонбинии Имоми Аъзам танҳо бар пояи дин бунёд меёфт, ӯ наметавонист чунин як мазҳаби таҳаммулпазирро созмон диҳад. Ӯ исломро на барои муқобилгузорӣ бо динҳои дигар, балки барои муттаҳидсозии онҳо ки аз моҳияти рисолати ҷаҳонии ин оин сар мезад, пуштибонӣ мекард ва мехост беҳтарин низоми волояти қонунро дар симои ин кеши муваҳҳид офарад ва амалӣ созад. Ҳамин аст, ки мазҳаби ҳанафӣ ба фиқҳи амиқу фарогири худ аз замони пайдоишаш пайваста дар хизмати на танҳо ҷомеаи исломӣ, балки тамомо башарият буд ва ҳаст. Маҳз дурбинӣ, фарогириӣ, вусъати назар ва ба эҳтиёҷу талаботи рӯзмарраи мардум мувофиқ будани мазҳаби ҳанафӣ буд, ки он дар тӯли асрҳо ҳамчун мазҳаби расмӣ дар олами ислом ривоҷ ёфт ва тарзу усули он ба низоми қонунгузории давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ роҳ пайдо кард.

Усанов Р., Каримова Т. устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Адабиётҳо:

1.Эмомалӣ Раҳмон. Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. –Душанбе: ЭР-граф, 2009. –С.17.

2.Шамолов А.А. Аҳвол, осор ва афкори Имоми Аъзам. –Душанбе: Дониш, 2009.

3.Абӯ Ҳанифа. Алфиқҳ ал-Акбар. –Душанбе: Мотрудиён, 2009.

4.Шамолов А.А.Мотрудӣ Самарқандӣ. –Душанбе: Сино, 2000.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ