​Бадном эҳтиёҷ ба муаррифӣ надорад!

Баъд аз он ки аъзоёни ҲНИ ба Оинноимаи худ хиёнат карданд, бар хилофи Консутитсия амал намуданд ва фаъолияташон аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ мамнӯъ эълон гардид, иддае ба подоши амали худ расиданд (яъне зиндонӣ шуданд) ва гурўҳе рў ба фирор ниҳоданд. Яке аз онҳое, ки дур аз Ватан ва пайвандону хонадони худ дар кишварҳои аврупоӣ мисли сайёҳ аз шаҳре ба шаҳре оворагардӣ намуда, дар бораи Ҳукумати кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба дурўғпароканиҳо машғул аст, Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Ин хоини миллат танҳо набуда, бо ҳаммаслаку ҳамақидаҳои худ, минҷумла Саидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаи кўшиши худро ба харҷ медиҳанд то Ҳукумати кишвар ва мансабдорони баландмақомро дар чашми мардум бад нишон дода, худро мўсичаи бегуноҳ вонамуд созанд. Аммо мардум дигар ғофил нест, медонад, ки Кабирӣ кист ва чӣ нақшаҳоеро ба сар дорад.

Чанд рўз қабл роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши худ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои қудратиро ба он айбдор намуд, ки онҳо рафтори ғайриахлоқӣ намуда, ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ворид мешаванд. Муҳтарам Кабирӣ! Он рафторҳои ғайриахлоқие, ки шумо мегўед кадомҳо ҳастанд? Ва ба ҳарими хусусии кӣ ворид шудаанд? Бас нест магар, гапи дурўғ задан? Ба дилатон назад магар, гуфтани ин ҳама ҳарфи беасосу бопояву бемантиқ ?! Наход ҳоло ҳам ба худ омада наметавонед, наход ҳоло ҳам бар онед, ки мардум ин афсонаҳоро бовар мекунанд?1!

Агар манзуратон аз он ки рафтори чанд нафар, ки бар зидди фарҳангии миллии тоҷикон, қонунҳои амалкунанди кишвар ва ахлоқи ҷомеа буданду тавассути телевезион ба намоиш гузошта шуданд, ворид шудан ба ҳарими шахсӣ бошад, пас ба андешаи шумо чи бояд кард? Онҳоро дастгир неву дастгирӣ бояд намоем? Бубахшед ҷаноби Кабирӣ, фарҳанги миллати тоҷик ва умуман меъёрҳои ҳуқуқи башар инро тақозо надоранд. Дар ҳама давру замон хатокор, ҷинояткор бояд ба подоши амалҳои худ расонида шавад.

Дар масъалаи он ки мегўед мо ҳам наворҳое бар зидди шахсиятҳои баландмақоми Ҳукумати кишвар дорем, вале онҳоро алайҳашон истифода нахоҳем кард, чунки фарҳанги мо дигар аст. Нахуст муҳтарам Кабирӣ, ин бароятон орзуи ширине беш нест, сониян кадом фарҳанг? Ҳамон фарҳанге, ки бар миллату давлат хиёнат кардед ва хуни ҳазорон бегуноҳро рехтед ва аз хоҷагони худ баҳри нобуди хонаи модари худ маблағ гирифтед?

Ба муҳтарам Сайидюнус гуфтаниям, ки бадномии Кабирӣ ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон он шахсияти «барҷаста»-ро мешиносанд ва ҳеҷ ниёзе ба заҳмат кашидану вақт сарф кардани шумо нест!

Устодони факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ