Изҳорот оид ба ҳодисаи шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ​ ба амаломада

Шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормадони ОМОН тирпаронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллӣ захмӣ шудааст. Дар вокуниш омадааст, ки байни ҷавонони маҳаллӣ ва кормадони ВКД баҳсҳои лафзӣ ба миён омада, ба занозанӣ табдил ёфт. Дар ҷараёни муноқиша кормандони мақомот аз силоҳи травматикӣ истифода бурданд. Аз ин лиҳоз, мутаассирам ба ҷавонони имрӯзае, ки ба тинҷиву амнияти кишвар бепарвоӣ зоҳир менамоянд.

Яке шартҳои муҳими пойдории низоми ягонаи тарбияи ватандўстии ҷавонон аз мадди назар дур накардани ҳадафу ормонҳоест, ки низоми номбурда барои ба даст овардани онҳо талош меварзад. Зеро бақо ва пойдории ҳама гуна низомҳои идеологӣ мавҷудияти ормону ҳадафи ягона аст. Ормони асосии насли ҷавони тоҷик бояд шукуфоии ояндаи кишвари худ бошад. Ватанро дўст доштан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумла арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем. Бояд зикр намуд, ки қисме аз ин арзишҳо ба таври ирсӣ дар ниҳоди ҳар як инсон ҷой дорад. Яке аз арзишҳои пурқиммати маънавии мардуми мо ҳисси ифтихор ва мероси пурғановату оламшумули гузашагон аст, вале танҳо ифтихор кифоя нест, балки ба қадри он расида тавонистан, аз он баҳрабардорӣ намудан ва онро ба оламиён муаррифӣ намудан аст.

Омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии

фалсафа Қурбонова М.У

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ