Ҷавонони мамлакатро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамоем

Пайдост, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати демократӣ шинохта шудааст. Дар ин замина озодии сухан ва озодии баён дар кишвари мо тибқи Конститутсия кафолат дода мешавад. Аммо на ҳамаи шаҳрвандони мамлакат аз ин озодбаёнӣ ба таври дурусту саҳеҳистифода мебаранд. Ҳастанд ашхосе, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои иттилоотии кишварро ба чолиш кашанд. Тайи ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбору навори зидду нақизе дар бораи воқеае дар шаҳри Хоруғ мавриди баррасии истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст. Дар он хабарҳо гуфта мешавад, ки гӯё кормандони ШВКД шаҳри Хоруғ шаҳрвандони оддиро азият медода бошанд. Зикр мегардад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ падару писареро бо истифода аз силоҳ сахт маҷрӯҳ кардаанд. Лекин баъди чанд лаҳза, изҳороти шоҳидони ҳодиса низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардиданд, ки ҳақиқати ҳолро баён менамоянд. Аз рӯи нақли шоҳидон, Худоёров Наврас ҳамроҳи падараш Худоёров Ифтихор ҳангоми ҳаракат дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо нақлиёти шахсиашон ба ҳаракати нақлиёти кормандони воҳиди махсуси корҳои дохилӣ монеа эҷод намудаанд. Онҳо бо кормандони милиса муноқиша намуда баъдан аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд. Баъдан дар яке аз постгоҳҳои шаҳр онҳоро дастгир намудаанд. Вале онҳо дар ин ҳолат низ ба кормандони ШВКД шаҳри Хоруғ муқоболият нишон дода боз фирор карданӣ мешаванд, дар ин асно яке аз милисаҳо ба ҳаво аз силоҳи пневматикӣ тир мекушояд ва Наврас Худоёров аз пояш захми сабук мебардорад. Аз гуфтаи шоҳидон бармеояд ки Наврас Худоёров писари Ифтихор Худоёров, ки собиқ корманди ВКД Тоҷиқистон мебошад, дар ҳолати мастӣ буд. Мо аз он дар таассуфем ки чаро падари ин фарзанди нохалаф ба писараш монеъ нашуд. Ё чаро фарзандашро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештанпарастӣ тарбия нанамуд. Ё чаро зарари шаробу майпарастиро ба писараш талқин нанамуд. Ҷавобаш дар он медонем, мутаассифона фаъолияти “”Лидерони ғайрирасмии Бадахшон” дар тарбияи ҷавонон таъсири манфии худро мегузоранд. Ҳатто баъзе аз ҷавонон сухани волидайни худро напазируфта, сухани лидерони мазкурро ҳамчун қонун барои хеш қабул намудааанд ва ин боиси афсусу ташвиш аст.

Ҳарчанд тайи чанд моҳи охир байни мардуми сарбаланди Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда бошанд ҳам, ин гуна ашхос ба обрӯи ин мардуми сарбаланд латма мезананд. Инро метавон бо ду мисраъ шеър баён намуд:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Аммо ҳодисаи мазкур дар сомонаи радиои Озодӣ ва сомонаи найрангбозу ихтилофандозу ифротии “Akhbor.com” обу ранги дигар ва баръаксу барқасдона дода шудааст ва ин омил метавонад баъзе шаҳрвандони ноогоҳ аз ҳоли қазияро ба сардаргуми барад. Мо аз ин иғвоангезии сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хеле нороҳат буда, ҷавонони мамлакатро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамоем.

Аҳли ҷомеаи кафедраи тарҷума ва

грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ