​Изҳорот оид ба мавзӯи “Нооромиҳо дар гузаргоҳи Ишкобод ”

Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар арасаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар мақоми хоса дорад.Миллати тоҷик бо сарварии Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги дохилӣ хотима бахшидаву давлату миллатро эҳёи нав бахшида, рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Дар кишвари азизамон сулҳ пойдор аст. Бо шарофати сулҳу осоиштагӣ мамалакат ба ҳадафҳои асосии иқтисодиву сиёсӣ расида, дар пайроҳаи пешравӣ равона аст. Дур нест, он рӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои тараққӣ кардаи Осиёи Марказӣ гардад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки гузаргоҳҳои байни ду ҷумҳуриҳо – Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки миллатҳои аз қадим дӯсту бародар зиндагӣ доранд баъди чандин солҳо боз кушода шуд. Мардуми ин кишварҳо, ки хешу ақрабо мебошанд, бо сипозгузори ба сарварони ин ду кишвар ба хонаҳои ҳамдигар рафту омад карда истодаанд.

Аммо, душманони дохилаву берунаи кишвари мо намехоханд, ки Ҷумҳурӣ тинҷу ором бошад, аз ин рӯ бо ҳар роҳ мехоҳанд сулҳу осоиштагии кишварро халалдор сохта бошанд. Ҳодисае, ки шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар гузаргоҳиИшкобод, сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар 60 км дар тарафи ғарб аз Душанбе воқеъ аст, рӯй дод мо тоҷикистониёнро водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша омодаи ҳифзу буму марзи ватани азизамон бошем. Шояд ҷамъияти террористӣ, ки ба ин гузаргоҳ ҳамла овард бо ин рафтораш мехост муносибати байни ҷумҳуриҳоро халадор карданӣ бошад, шояд мехост бо ин роҳ вориди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданӣ бошад, шояд... . Аммо ин бадхоҳон дониста бошанд, ки миллати тоҷику тоҷикистониён дигар мисли солҳои 90-ум ба доми онҳо намеафтад. Ин нафароне, ки дар ҳодисаи нангин иштирок доштанд, хоинони миллат ҳисобида мешаванд. Бадхоҳони миллатро њушдор карданием, ки дониста бошанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ин шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, халқи тоҷик имрӯз бо роҳбарии Пешвои муаззами худ доимо ба пеш меравем ва ҳама якҷоя барои ҳар як порчаи ватани худ, барои тинҷиву осоиштагӣ талош мекунем ва чуноне, ки шоир мегўяд:

Ҳама як ба як тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Устодони кафедраи Анализи математикӣ

ба номи профессор А.Мӯҳсинов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ