Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон
Дар факултети санъати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Пайравони Пешвои миллат” дар мавзӯи “Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон” бо ҳузури профессор, доктори илми таърих, Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, Ваҳҳоб Набиев барпо гашт.
Профессор Ваҳҳоб Набиев доир ба таърихи давлатдории тоҷикон, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки “Пешвои миллат дар ҳар як мулоқоти хеш бо ин қишри фаъоли ҷомеа баён месозанд, ки давлату ҳукумати кишвар ба ҷавонон эътимоди қавӣ дорад. Ин нукта ба ҷавонон нерӯи тоза бахшида, онҳоро ба сӯйи ободиву созандагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ин аст, ки ҷавонон дар раванди босуръати рушду инкишофи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд”.
Баъдан профессор Ваҳҳоб Набиев бо ширкатдорон музокира намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҷавонон минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар саъю кӯшиш менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил