​Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Дӯстии байни халқҳои тоҷику қирғиз таърихи хеле қадима дорад. Инчунин ман ҳаминро алоҳида қайд менамоям, ки мо давоми садсолаҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳамдигар кору зиндагӣ дорем.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз ҳам густариш ёфтааст.

Мутаассифона, низои миёни тоҷикону қирғизҳо дар минтақаҳои сарҳадии шаҳри Исфара, пеш аз ҳама, ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух низ таърихи дерина доштанашро ҳамаи мо хуб медонем. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар замони шӯравӣ, ки дар байни ин ҷумҳуриҳохатти сарҳад муайян нагардида буд, онҳо чун шаҳрванди давлати ягона дар ҳудуди ноҳияи Исфара бемалол дар канори манзили тоҷикон манзил месохтанду озодона кору зиндагӣ мекарданд. Манзили зисти тоҷикону қирғизҳоро танҳо як роҳи мошингузар аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Вале баъзе нафарон, яъне душманони ҳар ду халқи ҳамсояву бародар даъвои замину об, роҳу боғҳои бунёднамудаи тоҷикон мекунанд, онҳо пеши обро мебанданду мошинҳоро аз роҳ гузаштан намемонанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Сарони кишварҳо аҳд намуданд, ки тафтиши ҳамаҷонибаи ин низоъ ба роҳ монда мешавад. Ташкилкунандагон ҳатман муайян карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тадбирҳои андешидашуда ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад ва имрӯз дар минтақаҳои сарҳадии шаҳри Исфара ҳаёт ба маҷрои пешинаи худ даромадааст. Мо боварии комил дорем, ки мулоқоти мазкур натиҷаи хуб ба даст меоварад.

Ҳодисае, ки бар сари мардуми Исфара омадааст, албатта ягон нафар инсонро бетараф гузошта наметавонад. Бо вуҷуди ҳанӯз ҳам ҷой доштани муаммову мушкилоти ҳалталаб дар рӯзгори аҳли ҷомеа, сол то сол ободу зебо шудани диёри азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ояндаи дурахшони давлату миллаттамон гувоҳӣ медиҳад.

Ман чунин гуфтаниям, кидар рӯи олам ягон коре нест, ки роҳи ҳалли худро надошта бошад. масъалаи ҳудуди сарҳади давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бе сангпартоӣ, тирпаронӣ ва худсарона азхуд намудани замини якдигар аз тарафи Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо роҳи ҳалли худро албатта меёбад.

Тошева Х.Б. – сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ