Факултети биология ва химия: Таҷлили Рӯзи Модар
Дар факултети биология ва химия чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки устодону донишҷӯён сурат гирифт.
Декани факултет, дотсент Шаҳноза Мирзобаҳодурова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, кулли бонувону ҷавондухтаронро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод намуд. Ӯ зикр кард, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти густурда ва назаррас доранд.
Аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеъру тарона қироат гашта, саҳначаҳои ҷолиб ва рақсу бозиҳои шавқовар намоиш дода шуд.
Зиннатилло Бобоев, Дилфузахон Қаюмова,
аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"