​БА ИҒВО ДОДА НАШАВЕД!

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардида, дар он аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд карда шуд.

Солиёни зиёд ин ду миллат дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, дар беҳбудии зиндагии ҳамдигарӣ нақши назаррас доранд ва бояд минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ дар деҳоти наздимарзӣ кору зиндагӣ намоянд.

Аммо ба ин ҳаракатҳо нигоҳ накарда, дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Қирғизистон миёни сокинони наздимарзӣ нофаҳмӣ сар задааст.

Аз рӯи маълумотҳои Тоҷикистон, сарҳадбонони қирғиз нагузоштанд, ки сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача атрофи мактаби рақами 8-ро тоза кунанд. Ҷониби Қирғизистон мегӯянд, сокинони Тоҷикистон мехостанд дар қитъае корҳои поккорӣ анҷом диҳанд, ки минтақаи баҳсӣ аст. Нофаҳмӣ дар миёни сокинони наздимарзии ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон пеш аз зуҳри 5-уми август сурат гирифтааст.

Ба ҷойи ҳодиса раисони ҳарду ноҳияи марзӣ ва намояндагони сарҳадбонӣ омада мулоқот намуданд ва вазъиятро баррасӣ карданд ва дар натиҷа мардуми ҷамъшуда пароканда шудааст ва ҳолат дар ин минтақа нисбатан ором мебошад.

Онҳо дар ҳузури аҳли ҷамоат ва деҳа баромад намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки асосан дар марз зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал оварданд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша муносибати дӯстонаро ҳифз намоянд.

Р. Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ