Буқаламон ё охирзамонаш хамин бошад?!
Ҷаҳони имрӯза дар ҳолате қарор дорад, ки давлатҳои абарқудрат баъзе давлатҳои нисбатан кӯчакро бароиманфиати геополитикии худ ноором ва бисёре аз минтақаҳои рӯи оламро вайрон намуда истодаанд. Мутаасифона дар ватани ободу осоиштаи мо низ шахсоне ношукр пайдо мешаванд, ки тинҷиву оромии давлати моро дида натавониста, лухтаки хоҷагони хориҷии худ гаштаанд.
Аз масири чунин шахсон Мирзо Салимпур ба ҳисоб меравад. Аз хориҷи давлати мо бо ҳар гуна фикру ақидаҳои фитнаангези худ мехоҳад ба тинҷиву ваҳдати ягонаи мо хатар андозад. Агар мо ба гузаштаи на он қадар дури худ назар андозем худ иқрор мегардем, ки маҳз чунин шахсони аҳримансиришт сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардидаанд.
Чунин фикру андешаҳои ғаразноки Мирзои Салимпурро ҳатто устоди худи Салимпур, Дадоҷон Атовуллоевва бародари хунии ӯ Илҳом Салимов низ қатъиян зид баромаданд. Онҳо дар сомонаи интернетии Фейсбук ҳар гуна хислатҳои Салимпурро ифшо карданд, ки чунин хислатҳои бад барои фарди тоҷик раво нест. Дар он ҷо дар яке аз коментарияҳои Дадоҷон Атовуллоев чунин суханон омадааст: “Оқи падарро шунида будем, аммо оқи бародарро ҳам дидем! Додари хунии Мирзо Салимпур - Илхом Салимов ин забунбахтро оқ кардааст. Дируз Салимпур «Чароғи руз» - ро густохона ва номардона «чароғи буз» номид. Рӯзномае, ки нонашро мехӯрд, рӯзномае, ки навиштанро омӯхт, рӯзномае, ки ӯро сабақ дод, рӯзномае, ки варо одам кард. «ЧАРОFИ РӮЗ» туро Салимпур кард! Агар ин рӯзнома намебуд, Мирзоҷони азизи ман на кор дар «Озодӣ»-ро медид, на Прагаро ва шояд ҳанӯз дар контейнере, ки ман барояш дар «Черкизбозор» харида будам, латту лут фурӯхта мегашт.”
Оё чунин шахсон фикр намекунанд, ки ин Истиқлолият, Ваҳдат, ягонагӣ ва тинҷву оромӣ осон ба даст наомадааст. Пояи давлат дар ягонагист ва мо намегузорем, ки чунин шахсон бо фикру андешаи ғаразонаи худ ба арзишҳои олитарини мо зарар расонанд.
Устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа