Факултети санъати тасвирӣ ва технология: Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар дарси кушод
Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди сатҳи донишгоҳии дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Д.М. Юсупова дар мавзӯи “Технологияи омода намудани маҳсулоти қуроқӣ” баргузор гардид.
Дар дарси кушод намояндагони раёсати донишгоҳ Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев - мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ ва Расул Ҷӯлиев муовини сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот иштирок намуданд.
Ҳангоми таҳлили дарси кушод намояндагони раёсати Донишгоҳ ба сатҳу сифати дарс ва маҳорати донишҷӯён баҳои баланд доданд. Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев баён намуд, ки раёсати донишгоҳ баҳри татбиқи ҳадафу сиёсати давалату ҳукумати кишвар тадбирҳои судмандро андешидааст. Инчунин илова намуд, ки гузаронидани дарси кушод баҳри омўзиши нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқ буда, баҳри ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар байни наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳм меоварад.
Маркази иттилоот ва таҳлил