Шикасти Наҳзади ислом дар соли 2019
Ифродгароиву хурофотпарасти сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеъву давлат монеаҳои ҷидди эҷод мекунад. Хусусан пинҳону ошкоро амал намуданихоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷози ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Аз таърихи хиёнкаткории наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон, баъди имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористи ҳамеша ба бадандешиву бадниятиро пешаи хеш менамояд.
Фарҳанги меҳварии исломӣ ин, пеш аз ҳама ваҳдату ҳамгироии аҳли башар, алалхусус бо кишварҳои исломӣ мебошад. Аз ин рӯ Тоҷикистон яке аз марказҳои фарҳангии кишварҳои исломӣ дар ҷаҳон нақши бузурге дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва демократӣ буда, ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва арзишҳои исломӣ пайваста талош меварзад. Гузашта аз он мутобиқи Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон озодии виҷдон волоият дошта, ҳар як фарди ватандӯст метавонад муносибкати хешро ба динӣ мубини ислом мустақилона муайян намояд. Ҳамзамон арзишҳои миллии тоҷикон бо арзишҳои исломӣ созгор мебошад.
Фаъолияти барномаи ҳизби насҳати ислом бо сиёсати пешгирифтаи босуботи давлати соҳибихтиёр, дунявиву демократӣ мувофиқат накард ва ба боварии мардум сазовор нагашт ва як сол аст, ки ин ҳизб барҳам хӯрд.
Бинобар ин бояд, донишҳои сиёсиамонро пайваста такмил диҳем, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошем.