​Созмони террористпарвар

Созмонҳои байналхалқӣ аксар вақт манфиати иқтисодӣ, ҳарбӣ ва васеъ гардонидани доираи нуфузи давлатҳои муқтадирро дар митақаҳои гуногуни ҷаҳон роҳандозӣ мекунанд. Гоҳо чунин созмонҳо бо маблағгузории давлатҳои абарқудрат ба вуҷуд оварда мешаванд ва бо баҳонаҳои мухталиф ба монанди тарғибу ташвиқи демократия, ба вуҷуд овардани фазои мусоиди иқтисодӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар чорабиниҳоеро амалӣ мекунанд, ки на барои давлати дар ҳудудаш ин чорабиниҳо баргузоршаванда, балки барои кишварҳои абарқудрату манфиатхоҳ фоида меоварад.

САҲА низ яке аз ташкилот ва ё созмони байналхалқӣ аст, ки дар асри бист ба хотири ҳифзи кишварҳои Аврупо аз таъсири кишварҳои Шарқ ва ба хусус Иттифоқи Шӯравӣ таъсис ёфта буд. Соли 1990 ин ташкилот дар бораи ба поён расидани «ҷанги сард» эълон мекунад. Зеро маълум буд, ки ИҶШС аз байн рафтааст. Ҳам акнун вазифа меистод, ки фаъолияти созмони мазкур дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҷоннок карда шавад, яъне доираи нуфузи абарқудратҳо дар ҷумхуриҳои нав истиқлолият бадастоварда таъмин гардад.

Кишварҳои собиқи Иттифоқи Шӯрвӣ ба монанди Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Латвия, Федератсияи Руссия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Украина ва Эстония давлатҳои иштирокчии САҲА гардиданд.

Аммо ба назар мерасад, ки чанд маротиба аз фаъолияти ин созмон дар ҳудуди кишварашон Федератсияи Руссия ва Қирғизистон ва дигар кишварҳо изҳори норизогӣ карда буданд, ба мушоҳида гирифта шудааст, ки барои ташкили низоъҳо ва ихтилофҳо дар худуди ин кишварҳо кормандон ва ё худ мушовирони САҲА даст доранд.

Гарчанд ки ин ташкилот ба ном бонии сулҳ аст, аммо онро ба манфиати давлатҳои кабиру муқтадир истифода мебарад.

Гарчанд ки дар раванди музокироти миллии солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон САҲА фаъол буд ва барои ба даст омадани сулҳ кӯшиш ҳам кардааст, аммо аз фаъолияти солҳои охири он ба назар мерасад, ки ин созмон тарбиятгари хоинони миллати мо аст. Нафаронеро чун Муҳиддин Кабирӣ дар паноҳи худ гирифтааст ва бамухолифини ҳукумати Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

Даъват гардидани М.Кабирӣ ба конфронси САҲА далели ин аст, ки ин созмон аслан, пуштибони террористон аст ва сабабгори сар задании ҳар гуна низоъҳо байни мусулмонон гаштааст. Бо даъвати М.Кабирӣ ба конфронсаш САҲА собит кард, ки ҳаргиз пуштибони сулҳ дар Тоҷикистон нест.

Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки САҲА ҳамчун созмони байналхалқӣ на манфиати давлатҳои рӯ ба тараққӣ, балки манофеи муштараки абарқудратҳо ва созмонҳои байналхалқиро ҳифз мекунад.

Масъалаҳои риояи ҳуқуқи башар, ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ, интихоботҳои шаффор, ки САҲА роҳандозӣ мекунад, танҳо намоишкорӣ асту бас ва дар асл бошад, он манфиатҳои абарқудратҳоро ҳимоя мекунад.

И. Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ