Олам гулистон - душманон гурезон
Ҳа, ҳамин тавр боз ҳама ҷо орому осоишта, яъне дар мобайни ду ҳамсоякишвар гурбаи ало низ нагузаштагӣ барин халқи ду кишвар (тоҷику қирғиз) кору зиндагӣ доранд. Яъне мухтасаркарда гӯем душманони хориҷиву дохилӣ аз ӯҳдаи нобасомонӣ ва номуросоӣ андохтан дар мобайни ду кишвар набаромаданд. Ҳоло бошад душманони хориҷиву дохилии мамалакати мо ва ҳамсоякишвар сари сахташонро ба куҷо заданро намедонанд, аммо аққалан ҳамин нобасомониро ташкил намудем гуфта худро тасаллӣ дода истодаанд. Нобасомонии ташкил намудаи онҳо асаби ду халқи азими Осиёи миёнаро гарчанде ба назари душманони ташкилнамуда ҷиддӣ набошад ҳам, коста гардонид. Ҳардуи халқро рӯҳан афтода намуда дили онҳоро ба ваҳм андохт, вале бенатиҷа монд. Яъне дили душманони номуросоӣ ташкилнамуда боз ба пушташон рафта часпид.
Ору номус ва матонати халқи ду ҳамсоякишвар баландӣ намуд ва онҳо габи душманонро ду намуда боз ҷилаву ҳаёти орому осоиштаро сахтакак доштанд. Яъне онҳо фаҳмиданд, ки душманони хориҷиву дохилӣ дар як лаҳза аз ӯҳдаи чунин нобасомониву номуросоӣ ва оқибат куштору бедодӣ мебароянд. Ҳамин тавр агар ду халқ ҳушёрии сиёсиро ба даст намегирифтанд он дуди оташи аз тарафи душманони ду давлат афрӯхта ба аланга табдил меёфту ҷони мардумони бегуноҳро ба худ мекашид.
Ҳамаи шунавандагон ва бинандагони ин воқеот - яъне номуросоии ду деҳаи ба ҳам ҳамсоя ғайриихтиёр ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши мамлакатҳои Шарқро ба ёд оварданд. Халқҳои давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон, ки даст ба куштори якдигар мезананд аввал аз номуросоиҳои оддӣ нобасомониҳои худро оғоз карда буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жазнбеков дар таърихи 26-уми июли соли равон мулоқоти дӯстона намуда дар мобайни ду халқ ҳамдигарфаҳмиро ташвиқ намуданд. Халқи ду деҳа ба муросо кӯчид ва фаҳмид, ки онҳо бесаробону бесарпаноҳ набудаанд
Ҳардуи ин халқ аз қадим то ҳоло ҳамеша ҳамдигарфаҳми якдигар буданду бо таъсири суханҳои тӯҳматбори душманони хориҷиву дохилӣ ба чунин нобасомонӣ даст заданд. Дар натиҷа ҳақ ба ҳақдор расид ва ду халқи ба ҳам дӯсту бародар ва хешидеҳаҳои Оқ-сой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистон)дарк намуданд. ки онҳо бепарастор нестанд. Сарварони кишварҳои мутамаддинамон ҳамеша ҳимоятгари онҳоанд.
Дар натиҷаи вохӯрии бародаронаи ин ду кишвар боз маълуму исбот гардид, ки Тоҷикистони мо ва ҳамсоякишварамон Қирғизистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона мебошанд, ки ба он Сарварони кишвар танҳо ҷонибдор мебошанду халос.
Ҳардуи халқ аз қаторӣ сар карда то зиёии ду мамлакат фаҳмиданд, ки дар сайёраи замин, ки хонаи умумии мову шумо мебошад, тамоми воқеотҳои ҷангомезро басар намудан мумкин мебошад, ки барои ин танҳо хизмати Сарварони мамлакат беандоза калон аст. Инро вохӯрии дӯстонаи ду сарвари кишвари ба ҳам ҳамсоя дар таърихи 26-ми июли соли равон исбот намуд.
Аксарияти аз ин воқеот хабардор гардидагон ғайриихтиёр номуросоии ин ду кишварро гуноҳи падидаҳои ҷаҳони муосир – терроризми байналмиллалӣ ва зӯровариву экстремизм мешуморанд, ки ин андешаҳо ҷон доранд. Халқҳои ду кишвар баъди нобасомонии ташкилнамудаву номуросоии бемаънояшон чуқур дарк намуданд, ки ҷуғрофияи нооромиҳоро ташкилкунандагон, таҳдиду хатарҳои глобалиро дар сайёра пойдоркунандагон агар дар мобайни на танҳо ҳамсояхалқҳо балки мобайни ҳамсоясарварҳо ҳамдигарфаҳмӣ набошад, дар кишварҳои ба ин ҳодисот рӯй оварда ҳеҷ гоҳ сулҳу амониву оромӣ пойдор намегардад.
Ҳамин тавр мо омӯзгорон низ дар як тараф чун тамошобин наистода ҳамеша аз паи пойдории сулҳу ваҳдат ва амонӣ дар мобайни халқҳо мебошем ва на танҳо ҷавононро балки тамоми мардумро раводор месозем ба доми гуфтаву бӯҳтонҳои одамони бегона маст нашаванд. Ҳамеша тездарккунандаву хубфаҳмандаи фитнаву найрангҳои душманони хориҷиву дохилии мамлакати худ бошанд.
Устодони факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи Б. Ғафуров