​Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён

Имрӯз 8-уми январ, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо донишҷӯёни фаъол мулоқот намуд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Аҳтам Рустам вогузошт. Абдуллозода Аҳтам Рустам доир ба ҷанбаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, илмиву варзиширо фаро гирифта, он ба сифати роҳнамо дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи кишвар, махсусан ҷавонон нақши муассир мегузорад. Номбурда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ташкили олимпиадаҳои фаннии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва ҳавасманд намудани онҳо ба китобхонӣ, пешгирии шомилшавии ин қишри ҷомеа ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра баёни назар намуд.

Баъдан донишҷӯён баромад ва ҷиҳати дастгирии пайвастаи ҷавонон аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, зикр доштанд, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, бо баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва азхудкунии донишҳои муосир ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ талош меварзанд.

Дар интиҳо, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз дастовард ва муваффақиятҳои илмиву варзишии донишҷӯён ҳарф зада, ба Абдуллозода Аҳтам Рустам китобҳои тозанашри устодону олимони ҷавони донишгоҳро тақдим намуд.

Маркази иттиллот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ