Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони варзиш
Аз 6-ум то 8-уми июни соли ҷорӣ мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд бахшида ба 70-солагии аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Анвар Абдурасулов баргузор мегардад.
Мусобиқа 6-уми июн соати 16:30 дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гашта, ҷамбасти он 8-уми июн саоти 14:00 ба нақша гирифта шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил