Ҷоми ҲХДТ: Мақоми дуюми баскетболбозони донишгоҳ
Барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол байни омӯзгорон (бонувон)-и муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар мусобиқа дастаи баскетболбозони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ширкати фаъолона дошта, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 25-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил