​Дар бораи ҲНИ...

Ҳанӯз соли 1997 дар Иҷлосияи XVI – уми тақдирсози мамлакат ба хотири устувории сулҳу суботи мамлакат расидан бо қувваҳои мухолифин шартнома сохтанд, ки ҳеч гоҳ аъзоёни ин ҳизб ба Ватани хеш хиёнат намекунанд. Маҳз барои хамин имконият дода шуд, кионҳо фаъолияти худро қонунӣ идома диҳад. Ҳама фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсии ҲНИ руҳия ва характери динӣ дошт.

Дар асл «мақсад»-и ин ташкилоти динӣ – эҳтиёҷоти динӣ ва расму оинҳои динии мардумро дар чорчўбаи қонун қонеъ гардонидан аст. То ки онҳо дар асоси Оинномаи худ мустақилона фаъолият баранд. Ташкилоти ҲНИ дини исломро барои худ ҳамчун ниқоб истифода бурданд. Онҳо аз эътиқодҳои динии мардум истифода бурда, дар байни онҳоғояҳои бегонапарасти, инчунин, мазҳабҳои бегонаро тарғиб ва таблиғ кардан ин аслан ба қадриятҳои динӣ зараровар буд. Ҳадафи онҳо худро ҳамчун мӯъмин мусалмон, хизматгузори дини ислом нишон дода мардумро бар зидди давлату ҳукумат мондан буд.

Мутассифона, ин некназарӣ ва боварии халқу давлат ба он оварда расонд, ки наҳзатиён дар ниқоби ислом ифротгароиро пеша гирифтанд. Аммо, мардуми тоҷик дар симои ҲНИ хоинони миллати худро шинохт ва хушбахтона онҳоро ба ҳадафи худ расидан имконият надод.

Маълум аст, ки ислом – дини иҷтимои ва моҳиятан яке аз бузургтарин таълимотҳои инсонпарварист. Мақсади асосии ин дин иттиҳоди мардум дар ҷомеаҳо ва саодатманд намудани мусулмонон дар партави ғояи сулҳу ваҳдат аст.

Сараввал, дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо ҷавонон ва наврасон баъзе «бо хоҳиши худ» ё ки ба ҳилаву найрангҳои «наздикон»-у фирефтаи ин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил шуданд , аксарияти онҳо мамлакатамонро тарк намуданд, ки ҳоло саргардонанд. Онҳо тақлидкоранд.Касоне, ки дини исломро ниқоб карда, ҷилавгирии ҷавонон ба андешаҳои тундравӣ ҳидоят мекунанд, душмани миллат ҳастанд. Касоне, ки шефтаи фарҳанги бегонаанд, шефтаи тақлидкории бегонагон ҳастандна парвои тақдири миллат, на парвои равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ва на парвои ин ҷамъият ҳастанд.

Маҳз барои ҳамин масъалаи мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ифротгароӣ, тақлидкорӣ ва андешаҳои тундрав муаммои фаъолтарини ҷомеа мебошад, ки ин дар замони муосир вабои аср мебошад. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар «Маснавии маънавӣ» оқибатҳои тақлидкорӣ ва оқибатҳои нохуши онҳикоётҳо овардааст. Яке аз ин ҳикоятҳо қиссаи «Фурўхтани сўфиён баҳимаи мусофирроҷиҳати самоъ» мебошад, ки дар ин ҷо мазаммати тақлидкорӣ ҳаст.

Сўфие ба хонақоҳ расида харашро ба тавила (оғилхона) баста ба соҳибаш месупорад, ки нигаҳбони хараш бошад то ба ў баргардонад. Сўфиёни дар ин ҷо ҳузурдошта чанд рўзе аз набудани ғизо гурусна буданд. Онҳо огаҳипайдо карданд, ки сўфие нав омада маркаб (хар) дорад:

Эй тавонгар, ки ту сери, ҳин маханд,

Бар каҷии он фақири дардманд, -

байтро хонданд, то хари ин сўфиро бифурўшанд ва ғизое кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, сўфиён бо фурўхтани хари мусофирро бо шеър ва замзамаҳои хешқайд намуданд (Хар бирафту хар бирафт).Мусофиренав омада аз ин бехабар нағмаи сурудисўфиёнро шунида ба ин ҷашн ворид мешавадва даст афшону пой кўбон рақс мекунад. Оқибатто ки мусофире навомада бо тақлиди шавқу завқ машғули ҷашну пойкўбӣ ҳастанд корӣ машғул мешавад,хари онро фурӯхта барои нафси худ ғизо мехаранд. Мусофире навомада мегўяд, ки вале ғофил мондаам онҳо аз сармастии фурўхтани хари ман пойкўбӣ доранд, мани ғофил низ аз ин суруру шодмонӣ дорам.

Ҷўраева Н.Н.,

омўзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ