​Айбномаи Доналд Трамп: чаро назҳатиён ба даҳони худ об гирифтаанд?

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад, ки ин муаммо хислати глобалиро касб кардааст. Аз ин рӯ бо ин падидаи номатлуб тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд дар якҷоягӣ мубориза баранд. Духӯрагӣ ва дурӯягӣ нисбат ба ин падида ва барои амалӣ намудани манфиатҳои нопоки худ истифода намудани он хатар ба истиқлолият ва амнияти давлатҳои алоҳида ва тамоми ҷаҳон мегардад.

Санаи 08.04.19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахбор оид ба иқдоми Президенти ИМА Доналд Трамп дар хусуси созмони байналхалқии террористӣ эълон кардани Корпуси сипоҳиёни инқилоби исломӣ нашр гардид.

Албатта ин хабар моро ба тааҷҷуб намеорад, чунки даст доштани хадамоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баъзе доираҳои манфиатҷӯи он ба воқеаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, куштори чанд тан зиёиёни маъруфи тоҷик, пуштибонии амали ҷинояткоронаи генерали хоин Ҳ. Назарзода, моҳи сентябри соли 2015, дастгирии маънавӣ, ғоявӣ ва молиявии ТТЭ ҲНИ ва сарварони он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далелҳои шайъӣ ва раднашаванда исбот шудаанд.

Хадамоти ҷосусии Эрон, хосатан Сипоҳи инқилоби исломӣ, ки яке азниҳодҳои тавонои ҳарбӣ - иктишофӣ баҳисоб меравад амалҳои террористӣ ва экстремистиро дар Тоҷикистон тавассути сарварони ҲНИ бо додани мабалағҳои ҳангуфт, омода намудани ҷангиёни наҳзатӣ дар таълимгоҳҳои ҳарбии Эрон, таъмини онҳо бо бо лавозимоти зарурии ҳарбӣ, ғоявӣ амалӣ намудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Қиёмидини Ғозӣ ва дигар ҳаммаслаконашонбо пули Эрон соҳиби сарвату дороӣ, хонаҳои боҳашамат, бозору дӯконҳои тиҷоратӣ ва манзилҳои гароннарх дар хориҷи кишвар гаштаанд. Ин ашхоси хоину ватанфурӯш, мазҳабфурӯш, тамоми саъю талошҳои худро барои амалӣ намудани нақшаву барномаҳои муғризона ва нопоки хадамоти ҷосусии Эрон сарф карданд ва то ҳол зери қаноти охундҳои худ қарор доранд.

Тааҷҷубовараш он аст, ки мухбирони “ҳақиқатҷӯй”-и интернетӣ ба мисли Мирзо Салимпур ва дигарон баъд аз ҷониби роҳбарияти ИМА созмони байналхалқии террористӣ эълон кардани Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломии Эрон дар даҳони худ об гирифта, намедонанд киро ҷонибдорӣ намоянд, чунки наҳзатиён сарсупурдаи Эрон ҳастанд ва дар як вақт резахӯри хони кишварҳои Аврупо мебошанд.

И.Р. Ҷабборов, н.и.т, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ