​Факултети филологияи рус: Вохўрии судманд

Дар факултети филологияи руси МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” вохӯрии сардори Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия, Раҳимҷон Абдувалиев бо донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабиниро декани факултети филологияи рус Шаҳло Дӯсматова ифтитоҳ бахшида, суханро ба Раҳимҷон Абдувалиев вогузошт.

Раҳимҷон Абдувалиев вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, гуфт, ки ҷавонон бояд аз шароити мусоид истифода намуда, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоити мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки дар мулоқот баробари баррасии масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамчунин паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни дастовардҳои ҷавонони даврони Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд. Аз донишҷӯён чун табақаи фаъоли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки савияи дониши худро такмил ва таҳкурсии тахассусиашонро мустаҳкам намоянд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахассиси кордон ба камол расида бошанд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷавонон мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ