​Изҳороти муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Турабоева Д. ба “Номаи саргушодаи Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон”

Номаи Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар як номаи саргушода ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он, аз ҳукумат даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад.

Албатта, имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони бо нангу номуси миллат, ки тарафдори рушди босуботи кишваранд, оид ба амалҳои ифротгаронаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ изҳори ақида менамоянд. Теъдоди чунин шаҳрвандон хеле зиёд аст ва ҳеҷ гоҳ ин теъдодро бо роҳи назорат, маҷбурӣ кор фармудан ғайриимкон аст.

Охир маҳз бо талошу бехобиҳое ки кормандони мақомотҳои қудрати барои оромию тинҷии мардуми Тоҷикистон шабро шаб рузро руз ногуфта бехатарии моро во онҳоро таъмин мекунанд, ҷовобашон ҳамин аст магар?

Ман ҳамчун як омӯзгори ҷавони ба ору номуси миллат чунин амалиёти ғайриқонуниро маҳкум намуда, шаҳрвандони Тоҷикистон, барои мубориза ба муқобили чунин шахсоне, ки бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳояти амр пешниҳоди Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисорӣ ҷиҳати боло бурдани баҳои хидматрасонии интернетиро пазируфтаанд мебароям.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ