Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо
Бале ибораҳои дилнишинанд – сулҳу ваҳдат. Чаро ба маънии ин ибораҳо ҷангомезон сарфаҳм намерафта бошанд? Мумкин онҳо зиққу танҳо мемонанд, мумкин онҳоаз кӯчаи ягон илму касбро омӯхтан нагузаштаанд? Хайр бало ба пасашон гӯӣ ором наистода ҷамъиятҳои осоиштаро ноором мекунанд.
Агар дар наздашон маънои якдигарфаҳмӣ толиби осоиштагист гӯем боз ҳайрон мешаванд. Ҳа, хайр ҳайрон шаванд шудан гиранд гӯем ба гуфтаҳои ким-кадом ношиносони ба ҷамъияти мо шубҳанок, ки пулҳои бедардимиёни хоҷагонашон онҳоро маст намудааст розӣ мешаванд ва аз паи иҷроиши фармони онҳо гардида ҷамъиятро ноором намуда ба таҳлука меандозанд. Он падидаҳои барои ҷамъияти муосир навро, ки тарафдори нооромии тамоми сайёра мебошанд ҳеҷ таҳқиру сухани пандомезе таъсир накарда истодааст. Сабаби асосиаш бесаводиву бемаърифатии онҳост.
Ҳамин тавр дар кишвари мо он душманони ҳамёнҳояшон бо пулҳои бедардимиён одат намуда нооромӣ дар мобайду ду кишвари ба ҳам дӯст Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамеша бо Тоҷикистони соҳибистиқлол дӯсту бародар яъне Тоҷикистони азизи мо ташкил намуда лаззат бурданд, ки дар натиҷа лаззати бурдаи онҳо аз биниашон баромад. Яъне онҳо аз тарафи ду халқи ба ҳам дӯст дастгирӣ наёфтанд. Зеро онҳо ҳоло ҳам дарк нанамудаанд, ки сулҳу ваҳдат дар мобайни ду кишвар пойдор аст. Яъне ваҳдат маънои аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму миллатдӯст будан ва душманони хориҷиву дохилии кишварро писанд накардан мебошад.
Дар таърихи 22-юми июли соли равон аҳолии мобайни ду ҳамсоядеҳаи ду кишвари ба ҳам дӯст бо ҳиллаи навбатии душманони ду давлат бовар намуда низоъ намуданд. Дар натиҷа якчанд одамон аз он ҷароҳат бардоштанд. Низоъ анҷом ёфту ташкилкунандагон мисли мурғи пойсӯхта ба гирду атроф гурехтанд.
Аз ҷумла гирду атроф, душманони ду кишварҳои ба ҳам дӯст ва бале бале гуфта халқро дудила намудагон тамоман нопадид гардиданду аз онҳои беинсоф на пай монд на ҳайдар.Хуллас, ту қудрати зиёд дорӣ агар ту ин корро иҷро намоӣ боз беҳтар мешавад, гуфта низоъро ташкилкунандагон бе номи нишон гаштанд, вале афсӯс як қадар лаззат бурданд.
Муноқишаи баргузор намудаи онҳо дар мобайни ду деҳаҳои ҳамсоядавлатҳои ба ҳам дӯст ташкил гардид. Аҳолии ин ду деҳаи ба ҳам ҳамсоя Оқ-сой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистони мо) ба ҳамдигар чун хешу ақрабо гардида буданд ва додугирифти иқтисодиву иҷтимоӣ дар мобайнашон амал мекард. Аксарияти бошандагони ин деҳаҳо бо ҳамдигар хешу ақрабо ва қудову анда гардида буданд, ки ҳоло низ он давом дорад ва давом хоҳад ёфт.Аммо дар натиҷаи ин нобасомониву муноқиша якчанд одамони дар оништирок намуда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Яъне шаф-шаф нагуфта мағзи габро гӯем хотири душманони ду кишвар як қадар осуда гардид. Алови дили душманон каме паст гардида истода буд, ки Сарварони ду ҳамсоякишвар яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жазнбеков дар таърихи 26-уми июли соли равон мулоқоти дӯстона намуда муноқишаи баргузорнамудаи ду ҳамсояхалқро дида баромаданд. Мулоқоти дӯстонаву сулҳҷӯёнаи онҳо дар таърихи 27-уми июл низ давом ёфта бо ҳамдигарфаҳмии ду кишвар ба анҷом расид.
Душманони оромии ду кишвар ин муноқишаро ба миён оварданд ва умедвор буданд, ки муносибати ду кишваракнун коста мегардад, вале баръакси он гардид. Он ташкилкунандагон нақша доштанд, ки халқро бо ин овора намуда нақшаи навбатиашонро барои иҷро намудан камари ҳиммати дардмандашонро мебанданд. Кош он камарҳои дардманди онҳо мешикаст. Ҳоло ҳар шахси аз ин воқеот бархурдор гардида он муноқишаро албатта кори падидаҳои нави ҷамъиятӣ, яъне терроризм ва экстремизм мешуморад. Он ташкилкунандагон бандаҳои ношукранд, ки дар миёнароҳ моту маҳбут ва дастгирӣ наёфта боз монданд. Ҳамин тавр он душманони ҳардуи миллатро малъун гӯем ҳам бетаъсиранд. Онҳо беҳуда зӯр заданд. Зӯри беҳудаи онҳо миёни бесутунмӯҳраи онҳоро шикаст. Он муноқиша ташкилкунандагонро ҳамёнкалонони беибо боз дастгирӣ карданд. Ҷиғилдони он муноқишакунандагон танҳо маҳсулотҳои бо пулҳои бедардимиён харидаро ҳазм мекунаду халос. Хоҷагони бо ҳамёнҳои дуздона таъмин ин навбат аз рӯи нақшаашон гӯиё дар мобайни ду ҳамсоякишвар низоъ андохтанд. Вале бо дасти холӣ гурехтанд. Яъне дастони номаҳрамашонро ба оромии ду кишвар дароз карданӣ буданду дастонашон дар ҳаво монд, аммо ба ҷону саломатии якчанд бегуноҳон зомин шуданд ва каме таскин ёфтанд, ки ҳамин қадар низоъро ба миён оварданд.
Дар он лаҳзаҳои муноқишаи ташкилнамудаи онҳо худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷику қирғиз онҳоро мисли мурғи пойсӯхта гардонид.
Чӣ тавре бошад ҳам рӯзғори мардуми ба беҳбудӣ рӯй овардаро ба бадбудӣ расониданд, зомини халқи бечораи бегуноҳ гардиданд.
Дар ин лаҳза гуфтаҳои Пешвои миллати азизамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайриихтиёр ба ёдамон меояд;
“ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи имрӯзаи мо аз он баҳравар гардид, мо бояд ҳаргиз роҳ надиҳем, ки дигар тешае ба решаи он дарахт расад”.Бале, он душманони оромиву осоиштаи ду миллат ба муроди беҳосили худ нарасиданд, лолу маълул таг таги девор гаштанд, тамошо карданду дастгирӣ наёфтанд ва ноумед гардиданд.
Табассумҳои ду Сарвари кишвар ба ҳамдигар ба решаи дили он душманон теша зад ва онҳо ноумедона гурехтанд. Вале давидани гӯсола то каҳдон куҷо ҳаммегурезанд ошкор мешаванд, вале то ошкоргардӣ боз тӯҳмату бӯҳтонҳо нисбати ноором намудани ду кишвар мебофанд.
Онҳо акнун мисли бадбахтон ноозоду бефароғат зиндагӣ доранд, тиққоси чизеро шунаванд дилашон пушт меравад. Ҳамин тавр бошад чаро тавба намекарда бошанд. Ба дилу гӯши онҳо шунидану фаҳмидани робитаҳои дӯстии дигар кишварҳо ба кишвари мо - Тоҷикистон чун теғ мерасад.
Онҳо ба саҳифаи на ин ки дурахшон балки ба саҳифаи торику хираи таърихи миллати тоҷику қирғизи ба ҳам дӯст навишта хоҳанд гардид.
Ҳоло сулҳу амонӣ дӯстию ҳамфикрӣ дар мобайни ду кишвар ҳукмфармост. Бо як нобасомонии онҳо муносибати ду кишвар коста нагардид ва баръакс гул- гул шукуфт. Душманони хориҷиву дохилӣ донистанд, ки сулҳу амонӣ ва дӯстиву ҳамфикрии ду кишвар ҳоло ҳукмфармосту шикастнопазир аст.
Муноқишасозон ба сиёсати ду давлат дахолат карда беобрӯ шуданд ва хуб мешуд, ки онҳо аққалан маълумоти дурусти сиёсӣ медоштанд.
Ҳамин тавр тарбузи дар бағали нопоки онҳо буда боз ба замин афтоду кафид ва онҳо диданд, ки он хом будааст. Мо омӯзонандагони илми муосир ва албатта таълиму тарбиядиҳандагон аз паи бошуур гардидану бо замони муосир баробар намудани ҷавонону наврасон мекӯшем, намегузорем ки онҳо ба чунин корҳои номатлуб даст зананду ба гуфтаву тӯҳматҳои душманони сулҳу ваҳдат бовар кунанд. Ҳаракат мекунем. ки онҳо ба илму дониши муосир ва дунявӣ аз тамоми фанҳо таҷҳизонида шаванд.