​Бо терроризм иртибот набояд дошт!

Муҳимтарин натиҷаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ ташаккули давлатдории миллӣ, асолати худро дарёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Маҳз тавассути тафаккури миллӣ халқи тоҷик тавонист ваҳдати миллии хешро ба даст орад. Ваҳдати миллӣ асоси пешравию шукуфоии кишвари азизамон гашт. Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд. Имрӯзҳо мувофиқи феҳрасти тартибдодаи Бонки миллии Тоҷикистон номи афродҳое оварда шудаанд, ки ба терроризм алоқамандӣ доранд. Агар ин афрод ба терроризм алоқамандӣ намедоштанд, дар ҳақиқат ба ислоҳот, баргузории интихоботи озод ва шаффоф, амалишавии қонунҳо роҳандоз мешуд.

Истилоҳи терроризм, террорист, фаъолияти террористӣ калимаю ибораҳое мебошанд, ки ҳар рӯз тариқи расонаҳои хабарӣ садо дода, моро ба ташвиш меоранд. Ҳоло терроризм яке аз омилҳои манфиест, ки сар то сари курраи заминро ба ташвиш оварда, бо амалҳои номатлуби худ, ҷомеаро нигарон намудааст.

Имрӯз ҳам душманони миллати тоҷик дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Аз ин хотир, дар чунин шароити тақдирсоз мо ҳамагон бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.

Сармуаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ Кучибоев Ш.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ