​Иқтибосҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

Сулҳу оромӣ

Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад.

Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.

Ба хоинони миллат

Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд.

Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.

Дасисаву тӯҳматбофӣ

Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад.

Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Истифодаи муғризонаи дин ва печидагӣ ба хурофот

Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд.

Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем.

Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад.

Таърих, масъулият ва арҷгузорӣ

Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо - ҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред.

Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад.

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.

Мубориза бо падидаҳои номатлуб

Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем.

Имрӯз вазъи ҷаҳон бисёр мураккабу буҳронӣ гардидааст. Агар баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тайи даҳсолаҳо ҷанги сард омили бесуботии дунё гардида бошад, ҳоло терроризму экстремизм ба мушкилоти ҷиддитарини глобалӣ табдил ёфтаанд.

Яъне вазъияти ҷаҳон дар зарфи даҳсолаҳои охир ҳаргиз чунин печидаву хавотиромез набуд. Рӯйдодҳои вақтҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус, нишасти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, равшан сохтанд, ки мавзӯъҳои геополитикӣ ва геостратегӣ барои кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Ормон...

Сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва аз зиндагии орому осудаи имрӯза шукрона мекунанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ