​Тараҳҳум бар паланги тездандон…

Шакли пурраи ин байт чуни наст:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

Мо дар вақташ барои ҳамсояи наздикамон – қирғизҳо некиҳоизиёде кардем. Аммо оқибаташ чист? Имрӯз дида истодаем, ки ҳољат ба баён нест.

Майдончаи варзишии ММТУ №8 дар назди сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар хоки кишвари мо сохта шуда буд. То ин дам дар ин љо чандин мусобиқаҳои варзишии дӯстона гузаронида шудааст.Аммо имрӯз чаро қирғизҳо ба ободкунии онмонеъ мешаванд? Ҳол он ки худи онҳо он майдончаро ба бозорча табдил додаанд. Пештар, чунон ки мо аз телевизион дидаем, дар ҳамин майдончаи варзишӣ мусобиқаи футболи байни дастаҳои гуногуни маҳаллӣ гузаронида мешуд, ва Федератсияи футболи Ҷамоати Овчиқалача вуҷуд дошт. Дар урфият мегӯянд, ки варзиш қосиди сулҳ аст. Мо аз он хавотирем, ки варзиш ба душманӣ табдил наёбад. Онгоҳ гунаҳкори ҳамаи ин раиси Ҷамоати Мақсади н. Лайлак Сафарбек Айдинаев хоҳад шуд (ишора ба воқеаи рӯзи 5 –уми августи соли 2019). Ҳол он ки дирӯзакак Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ва С. Жеенбеков бо ҳам мулоқот доштанд. Натиҷааш ҳамин-мӣ? Не, ки кори 2-3 иғвогару нотавонбин аст, ки дӯстии моро халалдор кардан мехоҳанд. Албатта, он «ташаббускорон» ва «сарварони сиёҳдил» ҷазои худро мебинанд. Аммо дар ин мобайн чандин одамонимеҳнатию сулҳхоҳ маъюбу маслуқ ё ҳалок мешаванд. Мо зиддӣ чунин «ташаббусҳо» ҳастем ва онҳоро маҳкум менамоем.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Нури маърифат»


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ