​Изҳорот

Бо шунидани калимаи маҳбас, зиндон ба бадани инсон мурғак медамад. Чи калимаи нофорам ва ғамангез аст. Хабари ба ҳалокат расидани чанд нафар маҳбасиён, ки имрӯзҳо байни мардум сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст, моро водор сохт, ки андешаҳои худро иброз дошта бошем. Албатта, масъалаи хеле вазнин аст, зеро чанд хонадон ғамангез шуданд, чанд модару падар бефарзанд ва оилаҳои онҳо бесаробон шуданд, чанд ҷавон аз ҳаёт маҳрум шуданд. Баъде, ки инсон аз дунё мегузарад, аз ҷониби Парвардигор номаи аъмолаш баркашида мешавад ва тибқи амалҳои ҷориаш ҷазоро сазовор мешавад.

Баъди марг чи ҳоҷати таҳқиқу таҳлил кардани сабаби фавт, агар гузаронидани таҳқиқу таҳлил касеро аз нав зинда мекард шояд бузургони илму адабро зинда мекарданд. Бо ин гуфтаҳо захми дили реши модарони ин ҷавононро нохун задани нестам, лекин аз тақдиру қисмат ҷои гурез нест.

Агар ҳамон ҷавонмардон дар роҳ нею дар маҳбас вафот мекарданд шояд гапу фикрҳои гуногун намешуданд. Ба ҷои сохтани ҳангомаву сафсатаву сиёҳкунӣ барои шод гаштани руҳу арвоҳ сурае аз Қуръони азимушшаън қироат кунеду авфи гуноҳашонро талаб кунед.

Аз Парвардигор талабу умед мекунем, ҷавонони хокшударо ғарқи дарёи раҳматаш гардонаду ба аҳли оилаи ҳалокшудагон сабри ҷамил ато фармояд.

Аз ҷавононе, ки имрӯз ҳаёти осоиштаро соҳибӣ доранд талаб менамоем, ки аз фурсати ғанимати имрӯзашон самаранок истифода баранд, илму дониш омӯзанд, маърифати сиёсии худро такмил бахшанд.

Аз тақдиру қисмати чанд нафар, ки шояд ба пуррагӣ бо айбу гуноҳи хеш бо марг рӯ ба рӯ шуданд, дарси ибрат гиранд. Ба Модар, Ватан, Замин, Зиндагӣ хиёнат накунанд. Ба ҷони ҷавони хеш аз руйи ҳавову ҳавас ҷабр насозанд ва маргро, ки ҷои гурез надорад мардона пешвоз гиранду баъди марг гунаҳкор наҷӯянд.

Агар онҳо низ зиндагии солимро пешаи худ месохтанду бо амалҳои нек шуғл меварзиданд, имрӯз қатори дигар мардуми сарбаланди тоҷик зиндагӣ намуда, модар, падар, хоҳару бародар, устоду дӯстони худро аз хеш ризо месохтанд.

Устодони кафедраи МТМ ва ТИ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ