​Инро нахонед душманӣ

Мувофиқа ба номаи саргӯшодаи Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши нархи хадамоти интернет дар кишвар фиристода шудааст, хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хонда аз ҳукумат талаб кардааст, ки дар фурсати зудтарин ба ҳолати аввала баргардонад.

Нома ба нақл аз саҳифаҳои Илҳомҷон Ёқубов дар фейсбук омадааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисориро ҷиҳати боло бурдани баҳои хизматрасонии интернетиро пазируфт.

Дар аввал бояд зикр кард, ки Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисорӣ ин як ду ва гуруҳе не ин ташкилотҳое мебошанд, ки дархостҳои худро илман, амалан асоснок намуда корҳоеро, ки ба муътадилӣ, оромӣ ва хусусан тарбияи ҷавонону насли наврас таъсири бад расонида, ҷавононро барои даст задан ба корҳои номатлуб ҳидоят кардани ташкилотҳои терористию экстримистӣ ва ба гурӯҳҳои ифротгарои олуда гаштани ҷавонон, аз интернет дуруст, фоидаовар истифода бурда натавонистани ҷавонон, пулҳои зиёди оиларо ба тамошои наворҳое, ки мавкураи тозаро олуда месозанд сарф карданро ҳам аз назар дур кардан лозим нест.

Мо тарафдори он андешае мебошем, ки дар ҳақиқат шароит ва роҳҳои дурусти истифодабарии шабакаи интернетиро омӯхта вобаста ба он чораҳо андешидан лозим аст.

Дар мактуб андешаеро пеш овардаанд, кигӯё Ҳукумати Тоҷикистон барои сабукӣ ва осонсозии шароити корумуҳоҷири тоҷик ном доранд, коре аз дасташ барнамеояд.

Пӯшида нест, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии гурӯҳи калони корӣ санаҳои 16,17ва 18 ба Русия сафар карда оиди масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва хусусанбарои сабукӣ ва осонсозии шароити кору зисти муҳоҷирони меҳнат шартномаҳо ба имзо расид. Бояд зикр кард, ки дар ҳузури Президентҳои ду мамлакат шартномаҳои бисёрсоҳавӣ баста шуда оиди зиёд шудани паҳлуҳои ҳамкори қарорҳо қабул карда шуда, шартномаҳо ба имзо расонида шуд, киин иқдоми азим ба амали гардонидани корҳои нек аст.

Кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ