Ифротгароӣ – зуҳуроти номатлуб

«Ифротгароӣ ва таассубу хуруфот, коштанитухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб , ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем»

Эмомалӣ Раҳмон

Ба майдон омадани гуруҳу созмонҳои мамнӯи ифротию террористӣ, аз назорат дур мондани муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоиинтернетӣ, истифода аз усулҳои номуассири татбиқи идеологияи давлатӣ дар сатҳи маҳалҳо, фаъолияти заифи аксар ҳиззбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бекорӣ аз силсилаимасъалаҳое ҳастанд, ки амнияти миллӣ ва идеологии кишвари моро зери хатар мебаранд.

Гуруҳҳои созмонёфтаи «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида», «Ҳаракати исломии Туркистон » ба унвони сарчашмаи хатар ба амнияти миллию давлатӣ зикр мешаванд. Ин гуруҳҳо ҳосили сиёсату бозиҳои геополитикист, ки ба онҳо як навъ ранги исломӣ додаанд ва аз ислом сӯиистифода мешавад.

Ба андешаи ман дар дурнамо хавфи таҳдиди ин гуруҳҳо ва тамоюли шомилшавии аҳолӣ ба ҳаракатҳои экстремистӣ метавонанд боз ҳам афзоиш ёбанд, зеро яке аз омилҳои асосии рушди ифротгароӣ дар ин минтақа бавуҷудоии монеаҳо дар муҳоҷирати кори аҳолӣ ба Федератсияи Руссия мебошад, ки аз ин ҳисоб сафи нафарони бекор меафзоянд ва бекорӣ яке аз заминаи асосии амалҳои ҷиноӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз дувоздаҳ то бист соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Аммо агар иштирокдорони муқовиматҳои мусаллаҳона ихтиёран тарки ифротгароӣ карда, ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд.

Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳм, таҳлука, воҳима буда, оназ ҷониби ташкилотҳо, гуруҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад.

Умуман мафҳуми терроризм ва экстримизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Имрӯзҳо низ истилоҳи «экстримизм» муаммои муҳими ҳалталаби ҷаҳон гардидааст ва Тоҷикистони мо низ аз ин амали нохуш барканор нест. Экстримистон барои расидан ба мақсади ғализашон ҷавононро аслиҳаи худ қарор додаанд. Зеро шахсони ифротгар хуб медонанд, ки мафкураи ҷавонон дар айни инкишоф аст ва онҳо шавқу рағбати зиёди донистанро доранд. Онҳо таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, зудбовару зудамал ҳастанд. Онҳо ба навдае монанд ҳастанд. ки ба кадом самт гардиш диҳӣ , ба ҳамон самт месабзанд.

Вале ин суханони Пешвои миллатро бояд дар хотир дошт, ки гуфтаанд:

«Мо бояд ватани худро сидқан ва баробари ҷони худ дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарастӣ ҳақиқӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ , яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.»

Ҳаққи нону намак табоҳ кардан,

Бишканад мардро сару гардан.

Нону намаки Ватанро хӯрдану бар намакдон носипосӣ кардан аз амалҳои ҷавонмардона нест. Ҷавонмард бояд дилу забонаш як бошад.

Моро зарур аст, ки ба қадри нону намаки давлат ва миллат бирасем ва ба он нафароне, ки суханҳои ғаразнок мегӯянд, ҷавобҳои сазовор бидиҳем. Насли калонсол нагузоранд, ки насли навро ифротгарон гирифтори доми худ бисозанд ва бо ваъдаю фиреб онҳоро чун худ ғуломони зархариди хоҷагони берунӣ намоянд.

Чашм бояд боз карду ҳақиқату дастовардҳоро дид. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат зиёда аз 4000 масҷид дар хидмат қарор дорад.

Мо ифтихор аз он менамоем, ки номи Пешвои муаззами давлати тоҷикон дар қатори панҷсад нафар мусулмони бонуфузи ҷаҳонҳамчун муҳофизи манофеи ислом сабт гардид.

Мамадҷонов Самиҷон, сармуаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ