​Изҳорот

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ муқобили ҳамагуна амалҳои террористиву экстремистӣ буда, пайваста талош меварзад, ки сулҳ ва оромӣ дар ҷаҳони муосир пойдор бошад. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз натиҷаҳои даҳшадбори амалҳои террористӣ хуб огоҳ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро ҳамчун падидаи номатлуби замони муосир маҳкум менамояд ва онро хатари ҷиддӣ ба сулҳу оромӣ ва амнияти ҷаҳон мешуморад.

Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзад, ки шаҳрвандони гумроҳи Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави кишвар қарор доранд ба ватанашон баргардонад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳа рӯзҳои наздик 80 кӯдаке, ки падару модаронашон замони пайвастан бо гурӯҳи террористиву экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом бо худ бурда буданд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Ин амал нишона аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонашро муҳофизат мекунад.

Аммо баъзе ашхосе низ ҳастанд, ки аз сулҳу субот ва оромиву осудагии Ватани худ норизо буда, фирефтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани онҳое, ки берун аз қаламрави кишвар қарор дошта, аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст ва террористиву экстремистӣ буда,дар амалиёти ҷангии Ироқу Шом иштирок доранд, ҳатто қонуни авф қабул гардидааст, ки тибқи он шахсоне, ки бо ихтиёри худ ба ҷумҳурӣ бармегарданд аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Дар роҳи ба Ватан баргардонидани гумроҳшудагон Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст, то ки шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони амалҳои террористиву экстремистии хориҷӣ нагарданд. Зеро ҷанги Ироқу Шом найранги навбатии абарқудратҳо буда, барои ба даст овардани боигарӣ бо истифода аз дин ташкил гардидааст, ки барои мардуми мо ягон манфиат надорад.

Кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ