Таҷлили ҷашни Сада дар донишгоҳ

Имрӯз дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони “Сада ҷашни мулуки номдорон аст” баргузор гашт.

Дар оғоз дар саҳни факултет гулхан, ки рамзи Сада аст, афрохта шуда, намоиши ҳунарҳои миллӣ, гулу растаниҳо, ниҳолҳои мевадиҳанда, тухмиҳои зироатҳои полезӣ, сабзавоту меваҷот, олоти меҳнати деҳқон ва корҳои эҷодии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бахши фарҳангии чорабиниро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки Сада иди миллии халқи тоҷик буда, ҳамагонро ба оромию осоҳиштагӣ, бародарию баробарӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдилию меҳрибонӣ ва бунёдкорию сабзгардонӣ даъват мекунад. Боиси саодатмандии тамоми мардуми тоҷик аст, ки ҷашни бузурги аҷдодӣ - Сада маҳз тавассути раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрӯз ба як маросими ҳамдиливу ваҳдати миллӣ ва тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.

Баъдан номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов даир ба мавзӯи “Сада аз дидгоҳи таърих” маърӯза намуда, зикр дошт, ки Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан” омадааст. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети санъат ва дастаи созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ