Роҳи наҷот - баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии ҷавонон
Дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, падидаи номатлуби ифротгароии мазҳабӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони бисёр инсонро рабудаву кишварҳои орому осударо ба бесариву нооромӣ табдил додаст ва яке аз сабабҳои муҳими ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гаштани Ҷумҳурии мо Тоҷикистон дар солҳи 90-ум низ ин дасисабозиҳои ифротгарони хориҷию дохилии кишвар мебошад.
Яке аз чунин омили фитнабори онҳо таъсиси созмон ва ҳизбҳо ба қолаби исломӣ мебошад.
Мақсади асосии онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад ва дигар ин аст, ки онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҲНИ аз сароғози таъсисёбии худ низ тарафдори чунин мақсад буд, яъне бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон.
Ҷоиз ба ёдоварист, бо вуҷудиаз ҷониби намояндагониҲНИ истифода бурдани усулҳои экстремистии мубориза дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣонҳо мутобиқи Созишномаи сулҳ 30 фоизи ҷойҳоро дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ ба даст оварда бошанд ҳам, вале аз дастгирии ҳомиёни хориҷии худ истифода намуда, аз мақсади пештараи ҷинояткоронаи худ даст накашида, бо роҳи зӯроварӣ мехостанд дар ҷамъияти мо ғояҳои радикалии динии ба халқи мо бегонаро ҷорӣ созанд ва кӯшиши даст задании аъзоёни ҳизб ба амали табаддулоти давлатӣдар моҳи сентябри соли 2015 дар Душанбе ба вуқуъ пайваста бори дигар инро собит намуд. Ва тавассути фавран қабул намудани чорабиниҳо муқобилияти иштирокчиёни табаддулоти давлатӣ бартараф карда шуда, ҲНИ бошад, мутобиқи хуқми суд ба рӯйхати ташкилотҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон дохил карда шуд.
Имрўз ҲНИ барои бақои худ ба ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ муроҷиат намуда, талош дорад, ки беэътиборшавии ҳизби худро марбут ба фишорҳои ҷониби дигар нишон диҳад, ҳол он, ки ҲНИ зери ягон фишори сиёсӣ ва мақомотҳои дахлдор қарор надорад, риояи қонун барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз аъзои ҳизб будан ва ё набудан ҳатмист.
Имрўз роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ кӯмак расонидан ба ҳаматарафа баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо он ҷавононе, ки дониши хуби илмҳои муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини ислом огоҳанд, меъёрҳову мафҳумҳои диниро дуруст дарк намуда, одобу ахлоқи ҳамида, гуфтори нек, пиндори неку рафтори некро пеша менамоянд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.
Оқилова М.М.
муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров