Конфронси устодони телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ
Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмии устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ (дар бахши системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ) баргузор гашт.
Дар конференсия устодон бо истифодаи проектор, тахтаи электронӣ, макетҳо, нишондодҳо ва таҷҳизот маъруза намуданд.
Ҳайати устодон мавзӯъ ва мундариҷаи баромадҳоро таҳлил намуда,сармуаллими кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Мазбут Абдуллозодаро, ки дар мавзӯи “Саҳми олимони форс-тоҷик дар рушди илми математикаи ҷаҳонӣ” баромад намуд, беҳтарин бароматкунанда ҳисобиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил