Вазъиятро бояд ҳаққонӣ баҳо дод
Дар давраи собиқ СССР ананимканависӣ (шикоят бе дарҷи ному насаб) ҷой дошт. Рафта - рафта навистани номаҳои беимзо (ананимка) чунонзиёд шуд, ки тафтиши ин номаҳо вақти зиёдро мегирифт, асаби бисёр роҳбарону коргаронро вайрон мекард. Давлат оқибат маҷбур шуд, ки қарор барорад, ки дигар номаҳои беимзобеэътибор дониста шуда, қабул кардаю омӯхта нашаванд. Ин мактуби Куруши Кабир низ ба ананимка монанд аст. Он фақат туҳмату иғворо зиёд мекунаду халос. Дигар ягон натиҷаи судманде надорад. Куруши Кабир аксарияти аъзоёни ҲХДТ – ро шомили «фермаи ҷавоб» меномад, ки ин туҳмат ба шахсони поквиҷдону меҳнатӣ аст. Охир ибораи «фермаи ҷавоб» - ро низ худи наҳзатиҳо ёфта баровардаанд. Аслан ин чиз нест.
Бояд Куруши Кабир пеш аз ин тахаллусро интихоб карданаш мулоҳиза мекард. Куруши Кабир кию як одами оддии инзамона кист? Куруш соҳиби давлат, ҳокимият буд. Ҳақро ба ҳақдор мерасонид. Бадкорон, воҳимачиён, мухолифинро мувофиқи кирдорашон ҷазо медод: дар натиҷа номи некаш то имрӯз боқист.
Вай менависад, ки ин «фермаи ҷавоб» бисёр касонро аз мақомот дилмонда кард. Ин дилмондаҳо киҳоянд? Мумкин ин ҷавоб дар ҳаққи баъзе кормандон туҳмат бошад. Дар Тоҷикистони мо ва дигар давлатҳо ҳизбу иттиҳодияҳои гуногун амал мекунанд. Ин бо мақсади таъмини озодандешӣ ва гуногунақидагӣ (плюрализм) аст, на дигар. Бо ҳамин баҳона ҲХДТ –ро сиёҳу айбдор намудан нодуруст аст. Сарвари ҲХДТ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин ҳизб ва сарвари он барои таъмини осудагии мардум, тараққиёти босуръати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва боз анҷом медиҳанд. Онҳо коммунистро чаро коммунист шудӣ, демократро чаро ба ҳизби демократ аъзо шудӣ, намегӯянд-ку? Ҳар кӣ бо роҳи худ, фақат идеяамон (ѓояамон) як бошад, шуд. Мақсади ҳамаи ҳизбҳои амалкунанда як аст: пеш бурдани Тоҷикистон. Аммо ҲНИ хилофи оинномааш рафтор кард. Дар натиҷа аз эътибор соқит дониста шуд, фаъолияташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳо низ манъ карда шуд.
Ёздаҳ шарти ба Мирзои Салимпур пешниҳодгардида қобили қабул аст. Охир, босмачӣ босмачӣ аст. На дӯсту рафиқи мо. Гап дар бораи ришдорон. Ба ин чиз низ худи наҳзатиҳо сабаб шуданд. Ришдорон (яъне муллоҳо ва аъзоёни ҲНИ) чӣ амалҳои баде содир накардаанд. Сарвари онҳо Ҳоҷӣ Акбар буд. Давлат дар аввал ба вай бовар кард, ҷонишини Сарвазир таъин намуд. Аммо Ҳоҷӣ Акбар мувофиқи вазифааш кор накард. Баръакс, гуруҳбозӣ намуд, ба амалҳои зиддидавлатӣ даст зад.
Дар натиҷа маҳкум шуд. Локинҳамаи ришдоронро низ сиёҳ кардан нашояд. Одамони калонсол (пас аз 60 – солагӣ) риш мемонанд. Онҳо суннати пайғамбарро риоя мекунанд. Таҷрибаи бойи зиндагӣ, илму дониш доранд. Гапашон ба ҷавонон мегузараду таъсири нек мегузорад. Аммо аз ҷавонӣ риш мондан, ба дигарон таассуб кардан камоли нодонӣ ва бемаданиятӣ аст.
Мо давраи ҳукмронии Ҳизби Коммунистро низ аз сар гузаронидаем. Мақсади ин ҳизб аҳлию тифоқӣ, инсондӯстӣ, виҷдони пок доштан,меҳнатдӯстию ватанпарварӣ буд. Ин ғояҳо ҳеҷ гоҳ куҳна намешаванд ва беэътибор намегарданд. Ин чизҳоро ба Мирзои Салимпур пешниҳод кардани Милоди Нур низ қобили пайравӣ ва дастгирӣ аст. Пас аз ин маслиҳатҳои судманд (11 шарт) рӯй гардонидан дуруст нест.
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ, - мегӯяд ҳикмати халқ. Пас биёед, аз рӯи ақл, одобу тамизи инсонӣ бошуурона рафтор намоем, то ин ки аз кардаи худ, амали худ пушаймон нашавем. Тоҷикистон давлати мустақил, соҳибихтиёр ва ягона аст. Чӣ хеле ки Саъдии Шерозӣ мегӯяд, давлат бе сиёсат нест. Давлат бо сиёсат пойдору устувор аст. Соҳиби давлат ҷинояткорро сиёсат мекунанд (ҷазо медиҳад), коркуни бовиҷдонва садоқатмандро низ қадр мекунад (мукофот медиҳад).
Ин 11 шартро Милоди Нур китобат кардааст ва асоси «баҳсҳоисозанда аст» гуфтааст. Умуман гӯем, Мирзои Салимпурбояд ин шартҳоро омӯзад, мувофиқи салоҳдиди худ амал намояд ва дар оянда дигар боиси гапу калочаҳонагардад.
«Узр собуни гуноҳ аст», - мегӯянд. Бо узри сидқидилона, дилсофона ҳамаи гуноҳҳояш шуста мегардаду агар хоҳиш дошта бошад, ба манфиати Ватан – Тоҷикистон хизмат карда метавонад.
Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»