Изҳорот: ​Кӯрбинони худ!

Боиси таасуф аст, ки имруз баъз аз афроде, ки худро тоҷик меҳисобанду аммо дастоварҳову пешрафти миллати тоҷикро на танҳо дида наметавонанд ҳатто шунидан низ намехоҳанд. Баъд аз сафари чанрузаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳоиАврупохоинони миллати мо, ки имрўз дар марзи ин минтақаҳо зиндаги мекунанд, воқеан нороҳат шуда боз санги ҷафо бар ин миллату роҳбари хирадманди он меандозанд.

Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавию, ҷаҳониро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар минтақа медонад. Густариши ҳамкори бо давлатҳои абарқудрати Аврупо имруз бар захми хоинони миллати тоҷик намак пошид, ки дигар дастовардҳои ин миллати бузургро дидан намехоҳанд. Чун медонанд, ки дар натиҷаи хуб шудани муносибати Тоҷикистон ба он давлатҳое, ки онҳо дар онҷойҳо панргоҳи сиёси доранд боиси ифшо шудани чеҳраи аслии онҳо мегардад ва боиси нороҳатии онҳо мегардад аз ин сабаб чун сагҳои гуруснаи зимистони аз ҳар тараф дар акос зани даромаданд. Агар дар ҳақиқат шумо хубии ин мамлакатро мехостеду барои ободиву суботи ин халқу миллат, ноором ҳастед, чаро дар воқеъаи мудҳише, ки дар шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ тамоми мардуми тоҷикистонро такон дод ягон вокуниш нишон надодеду ба наздикони қурбонгаштагони ин қазия изҳори тасалият накардед?

Ман бо итминони комил мегўям ки ин афроди бадсиришт танҳо дар фикри манфиятҳои шахсии худ буда барояшон ягон арзишҳои милливу, суботу оромии ҷомеъа қадре надорад. Зеро инҳо низ ҳаммаслакони ҳамон терористону зархаридорон ҳастанд.

Омўзгори кафедраи фарҳангшиносӣ

Эраҷ Салимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ