Вохӯрии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баҳри тинҷию осоиштагӣ дар марзҳои наздисарҳадӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад. Мо мардуми тоҷик аз дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр сипосгузорем. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо ва тинҷию оромие, ки дар Тоҷикистони мо ҳаст натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид. Дар ин вохӯри Сарони ду давлат ҳамчунин бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид. Ҳамаи онҳо медонанд, ки барои расидан ба чунин оромӣ солҳои зиёде рафтаасту то ҳол мо таъсири онро мебинем. Аз ин лиҳоз мо боварии комил дорем, ки халқи тоҷику қирғиз дар асоси эҳтироми мутақобилаи байни халқҳо зиндагӣ карда, баҳри тинҷию оромии марзҳои наздисарҳадӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика Шерматов Ҷ.