Нуқтаи назари мушаххасе оид ба «Майдони баҳс»
Чун як шахси бо нангу номуси миллат, тоҷику тоҷикистонӣ, як фарди мусалмону рушанфикр ҳатман бояд зикр намоям,кихуд истифодаи ибораи «фермаи ҷавоб» аз лиҳози мантиқӣ ва инсонигароӣ дурустнест.
Маъалаи дар умури ҳукумату ҳукуматдорӣ мавҷуд будани босаводон ё бесаводон ин ҳикмате дорад, ки он чунин аст:“Аз мост, ки бар мост”, яъне ҳар он чӣ насли наврасро омӯхтем, натиҷа аз он чунин хоҳем бардошт, агарчанде, ки пас аз барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон барои маҳв намудани бесаводӣ талошҳо варзидем, гузашта аз ин имкониятҳои беҳтарин барои таҳсили илм дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, вале ангезаҳои бесаводӣ то кунун пурра бартарафнагардидааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон , истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки худро “Куруши Кабир” номидааст, худро як шахси озодихоҳ ва бетараф номидааст ва кормандони мақомот ва аъзоёни ҲХДТ - ро бесаводномидааст, аммо мутаасифона ӯ дар номаи хеш, ки аз сомонаи “Ахбор” иқтибос оварда шудааст, андешаи худро натавонистааст мантиқан возеҳ ва рӯшан инъикос намояд. Чун кормандони ҳукумат ва мақомотро “бесавод” хондааст, пас худиӯ як номаеро мебоист адабӣ, равшан ва возеҳ иншо менамуд, вале мутаасифона афкору андешаи “Куруши Кабир” бе мантиқ аст;
Ман ҳамчун як зиёӣ ҳеҷ гоҳ ба тақдиру сарнавишти Тоҷикистони азизам бетараф буда наметавонам, чӣ гуна метавонад як шаҳрванди Тоҷикистон, як шахси бо нангу номуси Ватан ба тақдири ҳаммаслакон ва меҳани азизаш бетараф бошад.
Мақсади ягона ва муҳими ин вокуниҳо теша ба решаи разолату, ангезаҳое, ки халқро ноором месозад,задан аст. Худ қазовот намоед, таъмин ва идораи як оилае, ки аз 5 ё 6 нафар иборат аст, чӣ мушкилиҳоеро пеш меоварад, пас таъмини оромӣ, сулҳу субот, ваҳдат дар ҷомеае,кибеш аз 8 миллон нафар аҳолӣ дорад, кори саҳл нест...
Агар ҳар як шахси бовиҷдон, бо ору номус як заррае ҳам бошад, кӯмак ба бунёди девори ваҳдат расонад, шояд он устувор ва қавӣ гардад.Мақсади ягона ва муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин пеш аз ҳама баҳри нигаҳдошти сулҳу салоҳ ва оромии кишвари хеш талош варзидан аст. Сипас дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ба сар бурда, аз худ офаридаи накӯе боқӣ гузорем.
Ҷараёни зиндагӣ, дар ин фурсати кӯтоҳ, ки даст ба мо додааст на ҷустуҷӯӣ ангезаҳо, балки дар ҷустуҷӯи маҳви ангезаҳо ва дарёфти роҳи хирад, роҳи ҳақиқати ҳаёт бошем.
М. Ҳайитбоева, сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ