Изҳорот: Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ
Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.
Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат» – у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд.
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гурӯҳи – 24», «Ҳизб – ут – таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони туҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миёна барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсусе таъйин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш мегузорад, ки касро ба ҳайрат мегузорад.
Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накукирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад.
Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи – 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан, созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад.
Аммо воқеият ин аст, ки ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама оинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист.
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом суистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обруву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардондани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.
Устодони кафедраи Электроника