Сиёсати стандартҳои дугонаи САҲА
Мувофиқи маълумотҳои расонаҳои хабарӣ ба наздикӣ нишасти навбатии ташкилоти байналмиллалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба назар гирифта шудааст, ки дар он намояндагони ҲНИ низ иштирок хоҳанд намуд. Гарчанде ки ҲНИ аз моҳи сентябри соли 2015 инҷониб аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардидааст, иштироки фаъолони он низ дар кори конфронс ба назар гирифта шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки соли сипаригардида низ аъзоёну фаъолони ҲНИ низ дар конфронси САҲА, ки дар Варшава баргузор гардида буд, иштирок доштанд. Чунин амали САҲА бори дигар собит месозад, ки он низ вобаста аз манфиатҳои худ аз стандартҳои дугона истифода мекунад. Имрӯзҳо САҲА борҳо аз кишварҳои дунё даъват ба амал меорад, ки муттаҳид бошанд ва бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда шавад. Аз тарафи дигар, ба конфронсҳои худ намояндагони ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътирофшударо низ даъват мекунад, ки нишонаи пеш гирифтани стандартҳоии дугона аст.
Албатта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст, ки омодагии кишвари моро ба ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳову ташкилотҳои байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ ифода мекунад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».
Лекин бояд амиқ дарк намуд, ки сиёсати имрӯзаи САҲА ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест ва ин ҳолати баамаломада боз ҳам эҳтимоли коҳиш ёфтани муносибатҳои дуҷонибаро ба миён мегузорад. Аз ин лиҳоз, САҲа наметавонад якбора дар «ду курсӣ» нишинад.
Камолиддини Раҷабзод