​Амнияти забонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Истилоҳи «амнияти забонӣ» дар илми забоншиносӣ нав буда, он дар баробари мафҳумҳои истиқлолияти миллӣ, сиёсати забонӣ, амнияти иттилоотӣ мавриди корбарӣ қарор мегирад. Айни замон тасниф ва шарҳи пурраи илмии ин истилоҳ дар забоншиносӣ рӯи кор наомадааст.

Нисбати ин истилоҳ дар доираи сотсиолингвистика ва этнолингвистика баҳсҳо ҷараён доранд. Баҳсҳо доир ба амнияти забонӣ баъди ҳодисаҳои террористии санаи 11 сентябри соли 2001 ҷон гирифтанд. Ба фикри як гуруҳи олимонистилоҳи амнияти забонӣ ҳолати хубу мукаммал донистани забонҳои шарқ ба мисоли урду, арабӣ, ҳиндӣ дониста мешавад, ки онҳоро террористон истифода мебаранд. Дар заминаи ин гуна фаҳмиш дар Амрико, мамлакатҳои Аврупо ва ҳатто дар Федератсияи Руссия дар сохторҳои қудратӣ ниҳодҳои мустақили марбут ба тарҷумонии криминалистӣ ва ё диалектологияи махсус арзи ҳастӣ карданд.

Гурӯҳи дигари олимони забоншинос таҳти истилоҳи “амнияти забонӣ” нигаҳдорӣ ва ҳифзи забонҳои хурди аврупоиро мефаҳманд, ки дар доираи сиёсати забонӣ амалӣ мегардад (ниг.: 2).

Масъалаи амнияти забонӣ дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди баҳси куллӣ қарор гирифтааст. Дар Украина қабул гардидани Қонуни маориф боиси сар задани баҳсҳои зиёд на танҳо дар дохили ин ҷумҳурӣ, балки дар кулли Аврупо гардида, ранги сиёсӣ низ гирифт. Тибқи ин қонун гирифтанитаҳсили ибтидоӣ ба сокинони гуногунзабони Украина ба забони украинӣ ҳатмӣ эълон гашт. Масъалаи расонидани иттилоот бо забони ақалиятҳои миллӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ имрӯз ҳам аз масоили доғи рӯз мебошад. Бо ибораи дигар баён кунем, масъалаи амнияти забонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо ҳар ду фаҳмиш масъалаи мубрам ва ҳалталаб мебошад.

Масъалаи таъмини амнияти забонӣ дар Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Дар ин ҷо андешаҳоямонро перомуни масъалаҳои амнияти забонӣ дар кишварамон баён мекунем.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи нигаҳ доштани забони тоҷикӣ, бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф зада тавонистани сокинони кишвар дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ чораҳои заруриро меандешанд ва дар суханрониҳояшон доир ба ин масъала таъкидҳои зиёд доранд. Доир ба забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ гуфтаанд: «Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем» (ниг.: 1). Ҳукумати кишвар, олимону адибон дар пайравӣ ба сиёсати забонии Пешвои миллат чораҳои зиёдеро роҳандозӣ менамоянд, аммо ба назари мо дар шароити ҷаҳонишавӣ бо баробари ҳамаи ин тадбиру чораҷӯиҳо хатарҳо ба забони тоҷикӣ ҷой доранд.

Воридшавии аз ҳад зиёди истилоҳҳои соҳавии технологияҳои компютерӣ ва коммуникатсионӣ, ки қаринаҳои тоҷикии онҳо мавҷуд нестанд, аз зумраи чунин масъалаҳои ҳалталаби имрӯз бошад. Ин ҳолат агар зиёд идома кунад, пас гуруҳҳои ҷавонон ба вуҷуд меоянд, ки танҳо бо истилоҳҳои компютерӣ сухан мекунанд ва гуфторашонро дигар қишрҳои ҷомеа намефаҳманд. Дар забони хитойӣ комютерро «дяннао» мегӯянд, ки маънояш мағзи сари барқӣ аст, хитоиҳо калимаи англисии компютерро истифода намебаранд ва ё телефонро «дянхуа» мегӯянд, ки гуфтугӯи барқӣ маъно дорад . Дар забони арабӣ телефонро «ҳотиф» мегӯянд ва инро ҳама қабул кардаанд, аммо калимаи “ройона”-ро мардуми мо ҳамчун муродифи компютер қабул карда натавонистанд. Имрӯз ҳам баҳсҳои фаровон аст, ки компютер гӯем ва ё компутар. Гарчанд, ки луғати сезабонаи истилоҳоти компютерӣ дар Тоҷикистон нашр шуда буд, аммо аз он на ҳамаи мутахассисони соҳа истифода мебаранд. Дар намуди электронӣ низ он дастрас нест (ниг.: 4)

Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди шабакаҳои иттилоотӣ ва аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум озодии зиёд доранд ва аксар вақт аз лаҳҷа истифода карда андешаҳояшонро менависанд. Ин падида ҳам аз нуқтаи назари амнияти забонӣ хатарнок аст, зеро гуруҳи муайян бо лаҳҷаи худашон дар Фейсбук, Вайбер, Твиттер ва монанди инҳо фикрҳояшонро менависанд. Дар ин маврид на шакли адабии забон, балки лаҳҷаҳои мухталиф паҳн мегарданд ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз адабӣ навиштан ва ё дарки забони адабӣ дур мегарданд.

Дар мактабҳо, омӯзишгоҳу донишгоҳҳо ба ҷавонон фаҳмонидан лозим аст, ки ба забони адабии тоҷикӣ ва ё ақалан ба забони тоҷикии ба ҳамаи ҳамзабонон фаҳмо фикрашонро баён карда тавонанд.

Дар Федератсияи Руссия торнигорҳо (веб-блог) хеле вусъат пайдо кардаанд ва забони созандагони торнигорҳо аз забони адабӣ комилан фарқ дорад. Аз сабаби он ки забони торнигорҳо фарсахҳо аз забони адабии русӣ дур гаштааст, дар расонаҳои хабарӣ блогерҳо, барандагони торнигорҳоро баъди ислоҳ гаштани забонашон ба кор қабул мекунанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон ба таҳияи веб-блогҳо зиёиён, рӯзноманигорон ва шахсони бомаърифат машғуланду забонашон адабии тоза аст. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ анъанаи сохтани торнигорҳо дар байни ҷавонони тоҷик ҳам ҷорӣ мегардад. Дар он вақт масъалаи дуруштии забон мушоҳида хоҳад шуд.

Ба андешаи мо, барои таъмини амнияти забони тоҷикӣ ба ғайр аз амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ нисбати забон, корҳои зерин боядба анҷом расонида шаванд:

1. Тартиб додани сомонаи махсуси истилоҳҳои нав, ки дар он истилоҳҳои ҳар илм, ки Кумитаи истилоҳот қабул кардааст ҷой дода шаванд. Дар ин маврид мутахассиси ҳар соҳа метавонад, ки истилоҳи даркории соҳаашро ба тоҷикӣ пайдо карда истифода барад.

2. Нашри бештари луғати истилоҳҳои илмӣ ва саривақт ба мутахассисон дастрас намудани онҳо ва дастгири чопи чунин луғатҳо аз ҷониби давлат, паҳн намудани нусхаҳои электронии чунин вожаномаҳо. Барои мисол ҳамон луғати Толиби Розиро мисол овардан кофӣ аст, ки солҳои 90-ум бо теъдоди маҳдуд нашр гашта буд ва худи мутахассисони технологияҳои компютерӣ доир ба он маълумоте ҳам надоранд.

3. Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар дар сохтмони забонӣ метавон маҷалла-фаслномаи истилоҳоти нави соҳаҳои гуногунро ташкил ва чоп намуда, ба олимону мутахассисони соҳаҳо барои муҳокима, ибрози андеша ва истифодаи ин истилоҳҳо фиристод.

4. Ҷоннок намудани таҳқиқот дар соҳаи сотсиолингвистика ва этнолингвистика. Барои муайян намудани ваъзи забонии сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар таҳқиқоти сотсиолингвистӣ гузаронида нашудааст. Барои муайян кардани ҳолати забонии қишрҳои гуногуни ҷомеа пурсишномаҳои сотсиолингвистӣ гузаронидан амри зарурист. Аммо то он ҷое, ки иттилоъ дорем, чунин пурсишнома тартиб дода нашудааст ва пурсиши сотсиолингвистӣ гузаронида нашудааст. Дар ин самт бо ҷалби равоншиносон, забоншиносон, сотсиологҳо пурсишнома тартиб дода, таҳқиқот гузаронидан ҳатмӣ аст. Танҳо бо гузаронидани чунин пурсишнома ва мушоҳидаҳои лингвистӣ роҳи ҳалли мусбии амнияти забониро ёфтан мумкин аст.

5. Кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ. Маъмулан ҷавонони 17-24 сола ба таъсири забони ғайр зуд гирифтор мешаванд. Дар шароити кунунии Тоҷикистон аксарияти муҳоҷирон аз Федератсияи Русия бармегарданд ва забонашон махлут аст. Гоҳе кадом калимаи истифодакардаашон русӣ ва кадомаш тоҷикӣ буданашро намедонанд. Бо чунин ҷавонон корбарӣ кардан лозим аст;

6. Расонаҳои ахбори умум ва ба хусус радио ва телевизион бояд забони адабиро риоя кунанд, аммо имрӯзҳо бо баробари рушди технологияҳо ва обрӯманд шудан байни мардум дар барномаҳои мустақиммардум ва гоҳе худи барандагон ҳам бо лаҳҷа суҳбат мекунад. Барои ислоҳи чунин раванд бо муҳаррирон, мухбирон ва кормандони васоити ахбори омма олимони забоншинос ва адибон ҳамкорӣ карданашон зарур аст.

7. Кайҳо зарурати ба барномаи мактабӣ ворид кардани меъёри муайяни азёд кардани ашъори шоирони классику муосир ва хондани миқдори муайяни осори мансур эҳсос мешавад. Аттестатсияи хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз синф ба синф гузаронӣ танҳо дар сурати аз худ кардани ин стандарти давлатӣ ба амал бароварда шавад. Танҳо дар ин сурат мо маърифати забондонӣ ва бадеии хонандагонамонро баланд ва омода ба интихоби касб дар ҳама соҳаҳоро тарбия менамоем ва ақидаи ботилро дар бораи он ки асари бадеӣ ва умуман забондонию адабиётфаҳмӣ хос ба филологҳо гӯё буданашро аз байн мебарем.

8. Тарғиби хондани китобҳои бадеӣ. Маъмулан асарҳои бадеиро шоирон ва нависандагон – устодони забон таълиф мекунанд. Дар байни хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён, дар маҳаллаҳо байни соҳибхоназанҳо ва ҷавонписарону духтарони аз таҳсил дурмонад баргузор намудани озмунҳои беҳтарин хонандаи асарҳои бадеӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зеро бо мутолиаи китобҳои бадеӣ сатҳи донистани забони адабӣ ҳам боло меравад.

Адабиёт:

  • Эмомалӣ Раҳмон. Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ. 04.10.2017. www.president.tj
  • Гриценко Е. С. Язык и безопасность в контексте глобализации. http://www.russian.kiev.ua/print.php?id=11606643Санаи боздид: 10.12.17.
  • Драгукин А.Н., Котков К.А. Китай: правда и вымислы. – СПб: Умная планета, 2010. – 432 с.
  • Толиби Розӣ. Вожаномаи компютер. – Душанбе: Пайванд, 1995.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ