​Некиро набояд фаромӯш кард!

Бани одам аъзои якдигаранд,

Дарофариниш зи як гавҳаранд.

Чу узверо ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ин мисраҳои ҷовидонаи сипаҳсолори насиҳат Саъдии Шерозиро ҳар лаҳзаи дар бораи одаму одамгарӣ сухан рондан ёдовар мешавем, вале аксаран ду мисраи охиринро сарфи назар менамоем. Ин мисраҳо чунинанд:

Ту, ки аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Мардуми тоҷик тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи худ ин ҳикматро сармашқи ҳаёту худ карда буд ва дар лаҳзаҳои ҳассос мувофиқи он амал мекард ва мекунад.

Ҳодисаҳои дилгиркунандаи охири моҳи июни соли равон дар атрофи деҳоти Ворух, яъне муноқишаи сарҳадӣ дар байни ду халқи ҳамсоя – тоҷику қирғиз маро водор намуд, ки бо назардошти таърихи беш аз садсолаи муносибатҳои ҳамсоягии ин ду халқ ба андеша равам ва мулоҳизаҳои худро рӯи қоғаз оварам.

Таърих гувоҳ аст: сокинони ҷануби Қирғизистон, он минтақаҳое, ки ҳамсарҳади Тоҷикистон буданд, бо сабаби дур будани марказ ва вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ба кӯмаки ҳамсоягони худ ниёз доштанд. Сокинони имрӯза шаҳри Бодканд (Баткен) – маркази вилояти ҳамноми Ҷумхурии Қирғизистон, мавзеҳои Исфонию, Сулукта тӯли сад солэҳтиёҷи зиндагии худро тавассути муносибатҳои бо шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров (Хуҷанди собиқ), Ҷаббор Расулов (Пролетар) қонеъ мегардониданд. Ҳангоми беморӣ дар маркази вилояти Суғд (Ленинобод), шаҳру ноҳияҳои зикрашон рафта табобат мегирифтанд.

Дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикони ҳамаи минтақаҳои наздисарҳадӣ қирғизҳои атрофи зодгоҳи худро бо кор таъмин мекарданд, як гӯшаи ҳавлии худ, як порчаи замини худро ба онҳо дода, ба тариқи ҳашар барои онҳо манзил месохтанд. Қирғизҳо, ки касби асосиашон чорводорӣ буд, дар нигоҳубини чорвои аҳолии махаллӣ кӯмак мерасониданд.

Баъд аз ҷанги мудҳиши ватанӣ тоҷикон садҳо ҳазор гектар заминро барои истифодаи муваққатӣ ҳамчун чарогоҳ ба ҳамсояҳои худ вогузоштанд, ки имрӯз чун заминҳои баҳсӣ маҳсуб мешаванду душманони ин ду халқи ҳамсоя бо пайдо шудани фурсати муносиб ҳамчун воситаи ба муноқиша кашидани онҳо истифода мебаранд.

Аз ҷумла, дар ҳар бошишгоҳҳои саҳроии хоҷагии коллективонаи зодгоҳи ман барои 1-2 оилаи қирғизҳо барои зисти оиалашон ҷой ҷудо карда шуда буд. Ман то ҳол номи сардорони ин оилаҳоро, ки дар бошишгоҳи бригадаирақами 4 зиндагӣ мекардаанд фаромӯш накардаам: яке Раҳимбердӣ буду дигаре Эгамбердӣ. Мо онҳоро «аво» (амак) мегуфтем.

Фарзандони аҳолии ин минтақаи Қирғизистон дар макотиби шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров сабақ гирифта, дар мактабҳои олии кишвари мо соҳиби маълумот ва ихтисос гаштаанд.

Магар одаме ёфт мешавад, ки дар сағирхонаи Ленинобод тарбия гирифтани котиби якуми КМ Ҳизби коммунистӣ Қирғизистон, дӯсти академик Бобоҷон Ғафуров Исҳоқ Раззоқовро инкор кунад. Не!

Ба хотирам меояд, вақти ба таҷлили 90-солагии ин ходими давлатӣ ва ҳизбии Қирғизистон ба ноҳияи Лолак (Лайлак)ба шаҳри Исфонӣ ташриф овардем, иштирокчиёни тантанаҳо бо миннатдории хоса дар бораи маҳз дар Тоҷикистон тарбия гирифтани ин марди зарифро гаштаву баргашта ба хотир меоварданд.

Дар ҳар синфи мактаби деҳаи мо то 4-5 қирғизбача таҳсил мекард. Ман, ки худ солҳои мактабӣ бо қирғизбачаҳо дар як парта нишаста, соҳиби таҳсилот шудаам, то ҳол бо ҳамсинфони қирғизу худ робитаҳоро накандаам, муносибатҳои дӯстона дорам. Ин дӯстони ман меҳру муҳаббати худро нисбати диёри мо гаштаву баргашта изҳор менамоянд, зеро онҳо дар ҳамин манзилу макон худро шинохтанд ва чун инсонҳои ҳақиқӣ камол ёфтаанд. Онҳо ҳаргиз ҳам дар сухану ҳам дар амал душманиро нисбати тоҷикистониён роҳ намедиҳанд.

Намунаи дигари хайрхоҳии мо тоҷикон нисбати дӯстони қирғиз то ба наздикӣ истифода бурдани роҳҳои мошингарди вилоятамон аз ҷониби соҳибони нақлиёти вилояти ҳамсоя мебошад. Ба сокинони қисми шарқии вилояти Бодканд, аз ҷумла марказиин вилоят лозим меомад, ки барои расидан ба қисми ғарбӣ, ноҳияи Лолак қаламрави вилояти моро убур намоянд. Онҳо озодона бея гон монеа ин амалро иҷро мекарданд

Ниҳоят, мисоли тозаи муносибати хайрхона. Охири солҳои 90-ӯми асри гузашта роҳбарияти вилояти Бодканд ба роҳбарияти вилояти мо муроҷиат намуда хоҳиш намуданд, ки барои тавассути заминҳои ҳудуди деҳоти Чоркуи шаҳри Исфара (мавзеи Хоҷаи Аъло)сохтани роҳи рост ба ноҳияи Лолак мусоидат намоянд. Аз тафсилоти баррасии ин масъала даст кашида, таъкид менамоям, ки ба сохтмони ин роҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуд ва он роҳи мардуми мусофирро хеле наздик карда,ба манфиатҳои хоҷагии халқи ин кишвар хизмат карда истодааст.

Маълумотҳои болоиро ман аз ҳаво не, аз ҳаёт гирифтаам. Чунин маълумотҳоро ҳамсолони ман дар шаҳри Исфараю ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расуловниз садҳо ҳазорҳо саҳифа оварда метавонанд.

Мо, тоҷикон ин некиҳоро миннат намекунем. Мо хуб медонем, иродаи олии роҳбарони ду кишвар ба барқароркунии ҳамсоягии нек, ҳамкории муфид, дӯстии абадӣ нигаронида шудааст. Инро бори дигар мулоқотҳои дӯстонаи роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Исфара ва Чӯлпон-отаи Қирғизистон дар ҳамон рӯзҳои ташвишовар собит сохт.

Ана ҳамин дастоварди бузурги халқҳоямонро душманон дида наметавонанд. Онҳо, ки маъмулан номи қувваи сеюмро гирифтаанд, кӯшиш менамоянд, ки муносибатҳои орому самараноки моро рахна зананд. Мутаассифона дар байни дӯстони қирғизи мо, алахусус ҷавононодамони кӯтоҳандеш, лаганбардорони қувваҳои беруна ва балегӯҳои доираҳои ғаразнок ёфт мешаванду онҳоро душман чун лӯхтак бозӣ медоранд.

Маҳз ана ҳамин фиребхӯрдагон ё фурӯхта шудагон ба муносибатҳои неким мо халал мерасонанд. Онҳое ки сари роҳи ворухиҳоро мебанданд як лаҳза тасаввур намекунунд, ки рафту ҷавобан ба амалҳои онҳо сокинони Чорку ва Хоҷаи Аъло ин роҳи Бодкан - Исфониро худсарона банданд, чӣ мешавад. Алҳазар! Алҳазар аз ин андеша.

Пирони хиради маҳали қирғизро лозим аст, ки гузаштаро ба хотир оранд ва ҷавони худро аз рафторҳои душманона нисбати ҳамсояи хайрандеш боз доранд.

А. Шарипов-дотсенти кафедраи умуми донишгоҳии педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ