Вокуниш ба сардабири сомонаи «Ахбор»
Аз натиҷаҳои таҳлили маводи сомонаи “Ахбор” бар меояд, ки дар он гуфтушуниди электронӣ роҳандозӣ карда мешавад. Яъне як гурӯҳ фикру андешаҳоро дар ҷузвдони алоҳида тариқи электронӣ интиқол мекунанд ва ҷониби дигар аз он бархурдор шуда ҷавобро таҳия ва интиқол мекунанд. Дар асл чунин саволу ҷавоб, мусоҳиба аст, ки вай тариқи электронӣ пиёда мегардад.
Чанде аз натиҷаҳо инъикос менамояд, ки Мирзои Салимпур дар он роҳбар аст ва мундариҷаи ҷавобҳо муқобил ба сохтори давлат аст, ки ин тарзи кор душманист ва айб аст. Ин кирдори берун аз марзи Ватан кирдори номардист. Зеро чунин мубоҳисаро дар шабакаи интернет миллионҳо одамон мехонанд ва нисбати Ватан ва ватандори ихлоси бадро пиёда мегардонанд.
Дар Сомонаи бо ном “Ахбор” оид ба гуфтушуниди ҳамватанон ва дар он ҷиҳатҳои манфии сохтори давлат баррасӣ карда мешавад. Дар асл чунин иттилоот мумкин нест, вай хиёнат аст.
Ба фикри мо ҳар он чие, ки доир ба сохтори давлатаст, бояд дар худи марз, яъне дар Ватанмусоҳиба ва ҳаллу фасл гардад.
Ин шармандагист, ки ҷавонон аз чунин кирдорҳо бархурдор мешаванд. Оё Шумо аз мусоҳибаиэлектронӣ доир ба сохтори давлат қаноатмандед? Агар қаноатманд бошед он гоҳ шарм доред!
Биёед. Ташбеҳи чунин мулоҳизаро дар оила мебинем. Агар падар ё модар тарбияи фарзандро тариқи электронӣ ба роҳ монад, он гоҳ вай чигуна тарбия мешавад?
Аз гуфтаи болои бармеояд, ки одам бояд дар марзи ватан ҳамагуна корҳоро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳад.
Албатта, нисбати чунин назар ҳар кас биниши худро пешниҳод менамояд. Аммо хотирфаромӯш набояд шуд, ки “Оши палави пагоҳӣ аз бегоҳӣ фарқ мекунад”.
Турдиев Т.М. - дотсенти кафедраи географияи табиӣ