​Душманони халқи тоҷикро маҳкум менамоем!

Боиси таассуф аст, имрӯз як идда зиёиёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ба сар мебаранд, бар муқобили Ҳукумати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои қабеҳ ё дурӯғро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ дар шабакаиинтернет паҳн менамоянд. Мақсади онҳо барангехтани нифоқу душманӣ дар байни мардуми тоҷик, ки имрӯз бо сарҷамъ барои ободии кишвари хеш меҳнат мекунанд, буда бо ин усул дар оромиву осоиштагии кишвар халал ворид сохтан аст. Онҳо барои маблағе, ки аз ҷониби душманони берунии Тоҷикистон мегиранд, ба чунин корҳои пасту разил даст мезананд. Ватани хешро мефурӯшанд. Мирзои Салимпур, ки худро як шахсиозодфикру озодандеш ҳисобида бар муқобили сиёсати давлатии Тоҷикистонхабарҳои дурӯғу иғвоангезро паҳн менамояд, аз ҷумлаи чунин инсонҳо ба шумор меравад.

Ин гуна инсонҳо хоинони миллати хеш мебошанд, ба ҷои ин, ки дар пешрафти ватани худ саҳм гузоранд, як гӯшаи онро обод намоянд бо иғвоҳои пучу бемаънии хеш ватани худ ва ҳамватанони худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном муаррифӣ менамоянд. Онҳо манфиатҳои миллии халқи хешро маҳкум намуда, ҳизби ифротгаро ва террористии ҲНИ-ро пайравӣ мекунад. Он шахсе, ки бар зидди миллати хеш мебарояд, хоини ватанаст.

Мо, мардуми Тоҷикистон ин амалҳои онҳоро маҳкум менамоем ва бар зидди онҳо мубориза мебарем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ