Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Мувофиқи маълумоти баъзе аз расонаҳои хабарӣ санаи 18-уми декабри соли равон дар шањри Душанбе мизи мудаввар бо ширкати намояндагони тамоми идораҳои давлативу хусусӣ ташкил гардидааст, ки мақсади асосии он баррасии лоиҳаи қонун дар бораи маҳдуд намудани рӯймолпӯшӣ ва гирифтани ҳиҷоб барои занҳо ва духтарон будааст. Албатта ин вазъият барои ашхосе, ки худро зидди ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон меҳисобанд, имконият дод, ки бори дигар оиди риоя нашудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд дар кишвари мо сухан ронда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намоянд. Ҷомеаи имрузаи мо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёси дар тамоми соҳаҳо озодиҳои ҳуқуии вуҷуд дорад. Аз ҷумлъа бо шарофати Пешвои муаззами кишварамон нуфузи дин дар ҷомеаи мо боло рафт ва бо дастгири ин шахсият китоби “Қурон” бо забонизабони тоҷики тарҷума карда шуда ба тамоми ҷомеаи имрузаи мо дастрас аст ва озодона истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд.