​Муҳоҷирон дар доми ҲНИ

Ҳама гуна ҳизби сиёсие, ки дар қаламрави мамлакат ташкил мегардад ва фаъолият мекунад, вазифадор аст, ки пеш аз ҳама манфиати ҷомеаро ҳимоя намояд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ бидиҳад, барои ҳимояи озодии шахс омода бошад. Дар мисоли ТЭТ ҲНИ акси ин амалҳо ҷой доштанд. Сарварони ин созмони сиёсӣ ҳадафҳои ғаразноки худро боло гузоштанд ва дар бораи таъмини рушди ояндаи Тоҷикистон ва таъмини осоиштагии мардум аслан ғамхорӣ накардаанд,бидуни он ки танҳо дар сухан. Ин буд, ки фаъолияти ин ҳизб аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ қатъ карда шуд ва ин амалест дуруст ва қонунӣ.

Дар бораи амалҳои разилонаи роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳам дар дохил ва дар хориҷи кишварамон бисёр навиштаву гуфта шудааст ва ҳамаи онҳо воқеъиятро инъикос менамоянд. Яке аз амалҳои нангини ин ҳизб он аст, ки ҷавонони тоҷикро аз ҳисоби муҳоҷирон гумроҳ карда, барои ҷангидан чун аъзои ба ном ДИИШ ба Сурия мефиристад.

Усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ ҲНИусули хеле маккорона аст. Дар аввали шиносоӣ онҳо худро хайрхоҳ вонамуд карда, дар баъзе масъалаҳо кӯмак намуда, объекти худро “қарздор” мекунанд. Сипас мафкураи ӯро барои ватанбадбинӣ омода месозанд. Баъдан пешниҳоди пулу ваъдаҳои бардурӯғи зиндагонии осоишта суръат мегирад ва ҳамаи ин бар ивази он, ки ин роҳгумзада ба давлати Сурия раваду ба ҷангиёни ДИИШ пайвандад. Дар баъзе ҳолатҳо истифодаи чунин технологияҳо ба кор меравад, ба монанди дар назди камера нисбати Ватану ҳамватанон ба бадгӯӣ маҷбур кардан. Ин амал ҳадафаш он аст, ки барои чунин муҳоҷири бечора роҳи ақиб гаштан ба Ватан дигар намонад.

Ҳар амали нангвори аъзоёни ин Ҳизб ба мақсадҳои ғаразноки он равона мегардад. Масалан, маблағи пулии шахсоне, ки барои ба Сурия рафтан розӣ мешаванд, аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва одамони ӯ пардохт мешавад. Пеш аз гирифтани маблағи пулӣ нафари ба дом афтода дар видео сабт карда мешавад. Яъне он нафар бояд дар назди камераи телефон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти он дашному ҳақорат кунад, тарзи зиндагонии Тоҷикистонро ғайриисломӣ ва ноозод гӯяд. Изҳор кунад, ки дар Тоҷикистон нисбат ба диндорон ва дини ислом муносибати бад ҷорӣ аст. Одамонро даъват кунад, ки бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” ҳамроҳ шуда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд.

Ин ҳама ҳиллаву найранг ба хотири хиёнат ба ватану ҳамватанон карда мешавад. Маълум аст, ки ин амалҳо дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехоҳанд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Боиси қайд аст, ки ТЭТ ҲНИ дар гумроҳсозии муҳоҷирон ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣтаҷриба андӯхтааст. Маҳз дар ҳамон давра роҳбарон ва фаъолони ин ҳизб бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар кишвар нооромиҳоро роҳандозӣ карда мардумро ба гурехтан ба Афғонистон ташвиқ мекарданд ва касоне, ки “гуреза” шудан намехостанд, кушта мешуданд. Дар Афғонистон бошад боз ҳамон ҳиллаҳо ба монанди нишон додани ҳисси “ғамхорӣ”, ба курсҳои хоинтайёркунӣ фиристодану мағзшӯӣ кардан, аз ҳисоби онҳо омода намудани дастаҳои террористӣ ва ба муқобили миллату ватан сафарбар кардани онҳо рӯи кор оварда мешуданд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва зираку ҳушёри Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бори дигар мебинад ва итминонаш даҳчанд мегардад, ки манъ карда шудани фаъолияти ҲНИ ва ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон гардидани ин ҳизб амали саривақтӣ ва қонунӣ буд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озоду дунявӣ наметавонад дигарбора ҷангҳои таҳмилгардидаи шаҳрвандӣ ва дахолати қувваҳои ғаразноки дохиливу хориҷиро ба ҳаёти созанда ва эҷодкоронаихеш роҳ диҳад.

Раҳмон Мирсаидов, дотсенти кафедраи фалсафаи

МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ