Изҳороти дотсенти кафедраи Н ва МТЗМ Сатторов Ў.
Гарчанде Ҳизби назҳати ислом дар барномаи худ аз ҳифзи истиќлолияти сиёсӣ, иќтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиҳрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халќҳои ҷумҳурӣ даъво дошта бошад ҳам, вале дар асл аъзоёни ин ҳизб теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро содир намуда, баёни аҳолӣ норозигию иғво ва кинаю адоватро барангехтанд. Ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намуд. Дар натиҷа бо ҳукми суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби насҳати ислом дар ҷумҳурӣ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияти он баста шуд.
Пешвоёни ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, барои пинҳон доштани чеҳраҳои аслии худ ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост худро аввал, «Назҳати ислом», сипас, «ҳаракати миллӣ» ва ҳоло давомдиҳандагони ҳаракати «Озодихоҳони босмачӣ» унвонгузорӣ намуданд. Ин ҳама авомфиребии навбатии онҳо мебошад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон чеҳраи аслӣ ва ғаразҳои бадбинонаи ин ҳизби террористӣ-экстремистиро медонанд ва фирефтаи он намегарданд.