Мирзои Салимпур - манқурти дигар
Замони пуртазоди муосир дар баробари пешрафтҳову дастовардҳои беназир ва бесобиқа як қатор мушкилоту муаммоҳоеро ҳамроҳ дорад, ки яке аз онҳо терроризму ифротгароӣ мебошад, ки ҷомеаи башариро ба ташвиш андохтаанд. Дар баробари ин ҳама бозичаи дасти бегонагон шудани фарзандони тоҷик ҷои шигифту асаф ва ҳайрату тааҷҷуб аст. Дар солҳои охир як гурӯҳи ҳамватанони мо ба ватани аҷдодии худ- Тоҷикистони азиз пушт гардонида, бар хизмати хоҷагони хориҷии худ камари ҳиммат бастаанд, ки воқеан дардовар аст. Яке аз ин гуна шахсиятҳои беномуси ватанфурӯш, ки фикру зикраш туҳматбофиву буҳтонофаранӣ алайҳи Ҳукумати кишвар ва шахсиятҳои мансабдори воломақом аст, сардабири сомонаи иғвоангези «Ахбор.сом» Мирзои Салимпур мебошад.
Мирзои Салимпур дар ин сомонаи фитнаангезаш пайваста хабарҳову маълумтҳои пурдурӯғе, ки ягон асоси воқеӣ надоранд, интишор намуда, мехоҳад бо ин восита мардумро алаҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шӯр орад. Ман аз ин рафтори Салимпур дар ҳайратам, ки ӯ худ дар хориҷи кишвар умар ба сар мебарад ва чӣ зарурат дорад, ки ин қадар вақти қимати худро барои дар чашми мардум сиёҳ намудани кишвар сарф мекунад. Чаро маҳз ӯ рисолати худро дар фитнаангезӣ мебинад? Чӣ нафъ аст барои ӯ аз сиёҳ кардани миллати тоҷик ва Ҳукумати кишвар? Ба ӯ чӣ ҷабр расидааст, ки даст ба чунин аъмоли ношоиставу ноҷавонмардона мезанад? Чаро тамоми ҳастии худро ба кор меандозад то кӯчактарин иштибоҳи Ҳукуматро барои мардум бозгӯ намояд? Аз ин ҳама вақт сарф карданҳову майна об карда дурӯғ бофтанҳои ба ӯ чӣ мерасад?
Бар ҳамаи ин суолҳо ҷавоби мантиқӣ он аст, ки вақте шахс додаи ҳавоҳои нафсонӣ мешавад ва барои чанд пайса номуси худро зери по гузошта, ба хидмати хоҷагон камар мебандад, каромати инсонии худро зери суол бурда, аз ягон кори зишт рӯй намегардонад. Дигар барои ӯ мафҳумҳои «миллат», «ватан», «модар», «сарзамин», «номус» пучу бемаънӣ мешаванд. Зеро онҳо монанди ҳамон манқуртҳое ҳастанд, ки ҳатто омода ҳастанд, ки барои хушнудии хоҷаи худ модари худро ба қатл расонанд ва аз ин кори худ хушнуд бошанд. Ман итминони комил дорам, ки ӯ дар ин кор танҳо нест ва ҳатман дар дохили кишвар дастнишондаҳо дорад. Ба онҳое, ки дар ин кори ноҷавонмардона ба Мирзои Салимпур ҳамкорӣ доранд, гуфтанӣ ҳастам, ки дар фарҳанги миллати тоҷик асрори хонаро дар кӯча матраҳ кардан камоли ноҷавонмардиву беномусӣ буду ҳаст. Шумо фикр накунед, ки касе шуморо барои ин кори нангин таҳсин хоҳад гуфт. Шумо ҳатман мавриди нафрини халқ қарор хоҳед гирифт.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ